Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Академияи ВКД
Бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД рӯзи 27-майи соли ҷорӣ, дар толори Шӯрои олимон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекуссорҳои он, пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва наврасон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия кормандони АНМНПТ, Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, Донишкадаи давлатии забонҳо, СРИҶҶ Вазорати адлия, омӯзгорон ва курсантони Академия ширкат намуданд.
Модератори кори конференсия муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. кори онро оғоз намуда иброз намуд, ки новобаста аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мутаассифона масоили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекуссорҳои он, пешгирии нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва наврасон боқӣ мондааст, ки дар ин конференсия мавридӣ омӯзиш, баррасӣ ва муҳокима қарор мегиранд.
Дар кори конференсия маърӯзаҳои гуногун шунида шуданд, бахусус: «Сабаб ва омилҳои ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он» - маърӯзаи сардори РОПҲНҶ ВКД, полковники милитсия Бухоризода М.Ғ., «Нигоҳдории генофонди миллат - роҳу усулҳои муосири муқовимат бо омилҳои нашъамандӣ дар байни ноболиғону ҷавонон» - маърӯзаи Муродзода Ф.Р. - муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъадори АНМНПТ, подполковник, «Саҳми ВКД ҶТ дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекуссорҳои он» - маърӯзаи Додоҷонзода А.Қ. - муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, подполковники милитсия, «Молодёжь против наркомании» - маърӯзаи Азимзода Н.Б.- мудири кафедраи таърихи Донишкадаи давлатии забонҳо, д.и.ҳ., профессор, «Проблемы предупреждения правонарушений среды несовершеннолетних в правоприменительной практике» - маърӯзаи Хайров М.Х. - сардори шуъбаи ОПҲНҶ Раёсати ВКД дар ш.Душанбе, н.и.ҳ., полковники милитсия, «Баъзе масъалаҳо оид ба мукаррар намудани сабабҳое, ки боиси ба ҷиноят даст задани ноболиғон мегардад» - маърӯзаи Ҳусейнзода С.Ҳ. - сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, н.и.ҳ., подполковники милитсия ва дигарон.
Дар фарҷоми конференсия як қатор тавсияҳои муфиди илмӣ ва амалӣ қабул гардиданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Камолов Д.