Таъсиси маҳфили суханварӣ ва журналистика дар назди шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД дар робита бо маркази матбуот
Дар доираи тадбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо ҷавонони кишвар аз 21-уми майи соли 2021, бо ибтикори сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар назди назди шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД маҳфили суханварӣ ва журналистика таъсис дода шуд.
Ба кори он нозири калони шуъбаи таълим, капитани милитсия Зоиров Шарифҷон Садриддинович дар ҳамоҳангсозӣ бо шуъбаи адъюнктура роҳбарӣ менамояд.
Дар маҳфил омӯзгорони варзида аз истеъдоди суханварӣ ва маҳорати журналистика дар мақомоти корҳои дохилӣ дарс мегуянд. Баъди хатми курсҳои маҳфил аъзоёни он ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ ва суханварӣ дар Маркази матбуоти ВКД, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷумҳурӣ сафарбар гашта, ҳаёт ва фаъолияти Академияи ВКД ва мақомоти корҳои дохилиро дар расонаҳои ахбори умум инъикос менамоянд.
Убайдуллоев Ш., Камолов Д.