Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри Дастури таълимӣ-методии «Геополитика ва амнияти иттилоотӣ»

540Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Академияи ВКД аз ҷониби омӯзгорон Асламов Б.С., Рустамзода З.Р. зери номи «Геополитика ва амнияти иттилоотӣ» (дастури таълимӣ-методӣ) таҳти назари сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифода Ф.Р. ба нашр расид.
Дастури таълимӣ - методии мазкур мазмун ва моҳияти равандҳои геополитикӣ ва амнияти иттилоотиро вобаста ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад. Муқарризони дастур: Имомёрбеков А. - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи идоракунӣ ва худидоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия; Маҳмадов С.А. - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия буда, Қосимов Ф.М. – н.и.ҳ., сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дастурро таҳир намудааст.
Муқаддимаи дастур аз ҷониби Самиев Н.М. - сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикисон, н.и.ҳ., полковники милитсия навишта шудааст.
Дастури мазкур, барои аз худ намудани равандҳои геополитикии минтақа ва таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, барои омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати омӯзгорон, унвонҷӯён, курсантон, шунавандагон ва кормандони дастгоҳҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ барои истифодаи хизматӣ судманд хоҳад буд.

Шуъбаи адъюнктураи Акдемияи ВКД

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...