Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории викторина дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

537

Тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, 17-уми августи соли 2020 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳсили 2020-2021 солҳои омӯзиши фанни фаъолияти оператвӣ-ҷустуҷӯӣ эълон гардид буд.
Дар таърихи 26 майи соли 2021 дар толори маҷлисгоҳи факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Ҷамъияти илмии курсантони факултети №2 ва факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон викторина дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ баргузор гардид. Дар викторинаи мазкур профессорон, омӯзгорон, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок доштанд.
Аъзони ҷамъияти илмии курсантони кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ «Сипар ва шамшер», ҷамъияти илмии курсантони кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъияти «Ҷавонон- ояндаи милат», ҷамъияти илмии курсантони кафедраи ҳуқуқи граждани «Пешоҳанг», ҷамъияти илмии курсантони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ «Кашофони моҳир» ва ҷамъияти илмии курсантони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология «Сипар»-и факултети №2 ва 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолона иштирок намуда, ҳамаи шартҳои гузошташудаи маҳфилро бо маҳорати баланд иҷро намуданд.

538539

Пас аз иҷрои шартҳои виктаринаи мазкур ғолибони маҳфил аз ҷониби ҳакамони маҳфил муайян карда шуданд, ки дар натиҷа ҷои 1-ум ба ҷамъияти илмии курсантони кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6 «Сипар ва шамшер» бо гирифтани 132-хол, ҷои 2-юм ба ҷамъияти илмии курсантони кафедраи ҳуқуқи граждании факултети №2 «Пешоҳанг» бо гирифтани 119-хол ва ҷои 3-юм ба ҷамъияти илмии курсантони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 «Кашофони моҳир» бо гирифтани 112-хол, сазовор гардиданд.

Асламов Б.С., Аҳтамшозода С.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...