Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Онлайн конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар Академияи политсияи ВКД Ҷумҳурии Озарбойҷон

536

26-уми майи соли 2021 дар Академияи политсияи ВКД Ҷумҳурии Озарбойҷон, онлайн конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тайёр намудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ дар шароити муосир дар мактабҳои олии таъиноти махсус: ҳолат ва дурнамо» бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Академияи политсияи ВКД Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар кори конференсия ба таври онлайн сардорон ва ректорони мактабҳои олии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, Украина, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиёни кори конференсияи байналмилалӣ, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. баромад намуда, миннатдорӣ ва аз номи роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Академияи политсияи ВКД Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба муносибати 100-солагии таъсисёбии он табрик намуд. Инчунин сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Такмили низоми тайёрнамудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат бо таҳдидҳои дохилии амнияти миллӣ» баромад намуда, барои такмили низоми тайёрнамудани кадрҳо барои мақомоти корҳои дохилӣ дар муқовимат бо таҳдидҳои дохилии амнияти миллӣ, фикру андешаҳои худро баён намуд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...