Маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони факултети №4 Академияи ВКД
Рӯзи 27-уми майи соли 2021 дар майдони сафорои факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.
Ин чорабинии тантанавӣ бо иштироки сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент генерал - майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва ҳайати омӯзгорону курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидони онҳо баргузор гардид.
Хатмкунандагони факултет ин даргоҳи илмро бо ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» хатм намуда, соҳиби диплом ва бо рутбаҳои афсарӣ сазовор гардиданд.
Сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ меҳмонон ва иштирокчиёни ин чорабинии идонаро ба факултети №4 Академияи ВКД хайрамақдам гуфта, хатми муваффақонаи курсантонро дар роҳи эъмори ҷомеаи демокративу сулҳпарвар ва афзудани заминаи кадрии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академия дар тӯли солҳои таҳсил баҳри сайқал додани савияи дониши назариявӣ ва амалии кадрҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳиссаи босазои хешро гузоштанд, - илова намуд ӯ. Сардори ин муассисаи таълимӣ бо боварии комил иброз дошт, ки хатмкунандагон ҳангоми кору фаъолият аз уҳдаи вазифаҳои пешниҳодгардида сарбаландона баромада, фаъолияти худро бо шаъну шараф идома медиҳанд ва ба онҳо дар кори амалӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Сипас, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич зимни баромади хеш баён намуд, ки маросими хатм дар айёме рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн мегиранд. Таърих гувоҳ аст, ки ин зиндагии осуда ва шароити хуби зисту таҳсил бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардидааст.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар тақвияти суханонаш илова намуд, фаромӯш набояд кард, ки корманди мақомоти корҳои дохилӣ будан, ифтихору сарбаландист ва ин масъулият дар назди мову шумо ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор, пешгирӣ ва муборизаи беамон бурдан ба ҷинояткорӣ, дониши мукаммал ва содиқ будан ба Савганди хешро талаб менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар беҳтарсозии шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тамоми кӯшишу талошҳоро равона намуда, баҳри баландихтисос гардидани кормандон, афзудани сафи олимони ҷавон ва донишу малакаи касбии кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чораҳои зарурӣ меандешанд.
Мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бо донишу маърифат, садоқату самимият мекӯшем то сазовори боварию эътимоди Роҳбари давлат бошем ва аз иҷрои вазифаҳои хизматии ба зиммагузоштаамон содиқонаву сарбаландона бароем, - афзуд Абдулло Навҷувонов.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ аз номи хатмкунандагон Абдуллоев Абдулло баромад карда, зикр намуд, ки дар посух ба ҳама ғамхориву дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва Вазорати корҳои дохилӣ, ки тайи солҳои таҳсил айён гардид, ҳамчунин дар ин давра онҳо соҳиби бинои нави таълимии замонавӣ гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқу миллат фаъолияти содиқонаву софдилонаро ба роҳ мемонанд ва афзуд, ки «Дар фаъолияти мустақили касбият чун ниёгону собиқадорони содиқи соҳа аз худ далериву шуҷоат ва мардонагиву матонат нишон медиҳем». Ҳамчун рамзи эҳтирому қадршиносӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД аз тарафи хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ барои роҳбарияти Академияи ВКД туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар охири чорабинӣ, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., бори дигар ба хатмкунандагон садоқату самимият, хизматгузорӣ ба халқу Ватан ва баромадан аз иҷрои уҳдариҳои вазифаҳои хизматиро таманно намуд.
Муминӣ А.Б., сардори кабинети
кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва
такмили ихтисоси факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
сержанти калони милитсия.
Ибрагимзода Ҷ., муаллими калони кафедраи
фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи МКД факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.
Муроди Б.А., сардори кабинети кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.