Курсанти Академия ғолиби озмуни “Донишҷӯи сол-2021”
Рӯзи 25 майи соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Донишҷӯи сол-2021” бо максади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор, ки миёни динишҷӯёни муассисаҳои олии касбии мамлакат роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Хушбахтона курсанти курси 3-юми факултети №2, аъзои Шӯрои ҷавонони Академия Қодирова Сабрина дар озмуни мазкур сазовори ҷои 3-юм гардид. Бояд қайд намуд, ки сержанти хурди милитсия Қодирова Сабрина курсанти курси 3-юми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2018–ум хизмат ва таҳсилро адо намудаи истодааст. Ӯ соли 2018 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдаконаи ятими ноҳияи Шаҳринавро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ хатм намуда, бо супоридани озмоишҳои дохилшавӣ моҳи августи соли 2018 ба ҳайси курсанти курси якуми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, то ҳол бо баҳои аъло дар курси 3-юми факултети №2 таҳсил намуда истодааст.
Аз давраи оғози таҳсилаш дар Академияи ВКД худро ҳамчун ҷавондухтари донову боиродаву қавӣ ва дӯстдори илму дониш нишон дода, пайваста дар чорабиниҳои маърифатию илмии Академия ва Вазорати корҳои дохилӣ иштирок менамояд. Ҳамин гуна кушишу рафтори мавсуф буд, ки аз ҷониби сардори Академия бо рутбаи сержанти хурди милитсия барои дониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ қадрдонӣ гардид.
Ӯ фармонҳо, дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ба танзим медароранд аз худ намуда, таҳсили худро аз рӯи тартиботи дохилӣ ва Оиннома ба роҳ мондааст. Иштирокаш дар омӯзиши фанҳои таълимӣ бо таври аъло баҳо дода шудааст. Дар сафороиҳо, дарсҳои ҳатмӣ ва худомӯзӣ саривақт иштирок менамояд.
Ӯ аъзои “Шӯрои ҷавонон”-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Шӯрои ҷавонон курсантони аълохон аъзо ҳастанд. Дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷавонон дар тамоми корҳои ҷамъиятии ВКД, Академия ва факултет фаъолона иштирок менамояд. Мо ҳайати омӯзгорони Академия аз доштани чунин курсанти фаъол ба мисли сержанти хурди милитсия Қодирова Сабрина ифтихор мекунем.
Раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия
Ҳабибзода Ҳ.Т.