Тамошои дастаҷамъонаи Паради ҳарбӣ бахшида ба Иди Ғалаба
Муносибати дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия рӯз аз рӯз тақвият меёбад. Ба ҳайси Раиси амалкунандаи Созмони аҳдномаи амнияти дастачамъӣ дар соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ бахшида ба Иди Ғалаба дар шаҳри Москва бо ҳамроҳии Президенти Федератсияи Россия В.Путин ширкат намуданд.
Дар асоси дастури роҳбарияти ВКД навори Паради ҳарбӣ бахшида ба Иди Ғалаба ба таври дастаҷамъона ба ҳайати доимии Академияи ВКД дар формати HD намоиш дода шуд.
Ҳайти шахсии Академия аз тамошои Паради ҳарбӣ бахшида ба Иди Ғалаба баҳраманд шуда, барои иштироки фаъол дар Паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтанд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.