Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат!», бахшида ба мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар аз 21.05.2021.

1839

Дар доираи тадбиқи саривақтии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон аз мулоқот бо ҷавони кишвар санаи 24-майи соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони Академия мизи мудаввари Акдемияи ВКД дар мавзӯи «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат!» баргузор гардид.
Созмондиҳандагон мизи мудаввар Шӯрои ҷавонони Академия ва Ҷамъияти илмии курсантони «Наҷотдиҳандагон»-и кафедраи “Ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода”-и факултети №5 буда, дар кори он ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академия,полковники милитсия Асламов Б.С. дар мавзӯи « Мулоқоти Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонони Тоҷикистон”;Расулзод Лоиқ – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия, капитани милитсия, дар мавзӯи «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷавонон»; Ҷалолзода Сорбон – муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Нақши кормандони ҷавони МКД дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар даврони соҳибистиқлолӣ»;Нурализода Шералӣ - муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Ҷонибдории сиёсати ҳуқуқии Пешвои миллат дар Академияи ВКД»; Мамараҳимзода Фирдавс - муовини раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таъмини сулҳу субот”Раҷабалиён Абдулҳаким – муовини раиси Шӯрои ҷавонони Академия, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Ҷавонон ояндаи миллат»; Қодирова Сабрина - курсанти курси 3-юми факултети №2,сержанти хурди милитсия, дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони истиқлолият»;Раҳимов Меҳроҷ - курсанти курси 3-юми факултети №6, милитсияи қаторӣ, қироати шеър дар васфи Пешвои миллат;Муродов Фарҳод - курсанти курси 3-юми факултети №2, сержанти хурди милитсия, дар мавзӯи «Конститутсия - ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ»;Самариддинзода Саидбухорӣ - курсанти курси 1-уми факултети №6, милитсияи қаторӣ, қироати шеър дар васфи Пешвои миллат баромад намуданд.

1840

Иштирокчиёни мизи мудавар аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ намуда, изҳор намуданд, ки санаи муқаддаси миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистонро бо тӯҳфаҳои арзанда,хониши хубу аъло, хизмати намунавӣ баҳри Тоҷикистони маҳбуб пешвоз хоҳанд гирифт.

Раиси Шӯрои ҷавони Академияи ВКД,
Ҳабибзода Ҳ.Т.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...