Боздиди ҳунарпешаҳои шаҳри Хуҷанд аз Академияи ВКД
Дар доираи вусъат додани корҳои тарбиявӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳунарпешаҳои театри мазҳакавии шаҳри Хуҷанд аз Академияи ВКД дидан намуда, дар толори факултети №6 ба курсантон ва омӯзгорон намоишномаи драмавиро дар боби оилаҳои ҷавон ба маърази тамошо гузоштанд, ки дорои аҳамияти калони тарбиявӣ буд. Курсантон ва омӯзгорон аз тамошои намоишнома баҳраманд гашта, завқи баланди фарҳангӣ бардоштанд.
Дар фарҷоми намоишнома муовини сардори Академияи ВКД полковники милитсия Собирзода А. ба ҳунарпешаҳои шаҳри бостонии Хуҷанд аз номи сардори Академия барои ҳамкорӣ дар тарбияи насли наврас изҳори минатдорӣ намуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.