Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таассурот аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар

1834Хушбахтона, ифтихори бузург даст дод, ки дар чунин вохӯрии сатҳи баланд иштирок карда, аз андеша ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита баҳравар гардам.

Воқеан, баргузории чунин вохӯриҳо дигарбора аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавони мамлакат шаҳодат дода, зимнан, ишора ба он аст, ки дар шароити тағйирёбии босуръати авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди мо ҷавонон вазифа ва масъулиятҳои нав меистад.
Бояд гуфт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин вохӯрӣ нахуст аз мақому манзалати ҷавонон дар назди давлату ҳукумат ва ватану миллат ёдовар гардида, вобаста ба рушди андешаву тафаккури ин қишри муҳими ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ чунин ибрози андеша намуд: «…Мо умед дорем, ки ҷавонони мо ҳамчун табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа минбаъд низ ташаббусҳои созандаро амалӣ менамоянд, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифз мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлатамон боз ҳам фаъолона ширкат меварзанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос мекунем».
Ин гуфтаҳо ҳисси баланди ифтихори мо, ҷавононро аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ тақвият бахшида, кӯшишҳои моро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ бештар месозад. Ин маънӣ ишора ба он низ ҳаст, ки соли равон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва ин сол барои мо соли имтиҳон ва ташаббускорист. Дар ин сол ва минбаъд мо бояд ҳама он ҳиссиёт ва ифтихори ватанпарваронаву миллатдӯстонаи худро, ки нишон аз самимият ва садоқат ба давлати соҳибистиқлоламон аст, бештар бо амалҳои созандаву меҳнати софдилонаи худ собит созем.
Пешвои миллат бо миннатдории самимона нақши арзишманди ҷавононро дар бунёди ҷомеаи имрӯза баён дошта, онро чун қувваи бузурги такондиҳанда дар ҳамаи соҳаҳо арзёбӣ намуданд. Ин эътимоду назари неки Пешвои миллат ҷавононро ба сӯи оянда, фардои дурахшон ва ҳадафҳои наҷибу созандаи давлатдориямон рӯҳбаланду дилгарм месозанд. Дар низоми сиёсии ҷомеа ин ҳолат бозгӯи он аст, ки такя намудан ба ин қишри устувор, тобовар, фаъол ва серҳаракати иҷтимоӣ далели роҳи давлатсозии муваффақи Пешвои муаззами миллат ва халқи шарифи Тоҷикистони азиз мебошад.
Нуқтаи дигаре, ки зимни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ садо дод, ин аҳамияти иштироки ҷавонон дар раванди давлатсозии навини тоҷикон буда, махсус чунин зикр гардид: «Мо иштироки фаъоли ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ҳамеша ҷонибдорӣ мекунем ва ҷалби ин қувваи фаъоли ҷомеаро барои устувор гардонидани рукнҳои давлатдории навин аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа мешуморем».
Чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи ободу осудаи халқи тоҷик, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ба зарбаҳои мудҳиши таърих дучор шудааст, аз дидгоҳи масъулияти баланди ватандорӣ ва эҳсоси ҳувияту ифтихори миллӣ менигарад, бо назардошти авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вохӯрӣ ба ҷавонон чунин таъкид намуд: «Дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд».
Дар ҳақиқат мо ҷавонон набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем, зеро тавре шоҳидем, душманони миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо бо суистифода аз некпиндорӣ ва некбоварии азалии миллати тоҷик иддае аз ҷавононамонро мағзшӯӣ намуда, кӯшиш карданд тавассути ин раҳгумзадагон ҳисси бегонапарастиро дар ниҳоди тамоми миллат ҷо кунанд. Вале, хушбахтона, миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибхираду соҳибтамаддун таҳти сарварии Пешвои худ ба он қудрате расидааст, ки аз манфиатҳои маънавию моддии худ дар ҳама ҷабҳаҳо дифоъ намояд. Имрӯз миллати тоҷик ҷавонони содиқу ватандӯсте дорад, ки бо ҳидоятҳои Пешвои бузурги худ арзишҳои олии ватандориро бо нақди ҷон ҳифз мекунанд.
Зимни суханронии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват намуда, зикр намуданд, ки «…Шумо, ҷавонони азиз, бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир бошед, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кунед, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ бошед, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст доред, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя кунед, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳиф з намоед, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо оваред».
Ҷои зикри хос аст, ки пас аз баррасии масъалаҳои ба ҷавонон вобаста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сохторҳои давлатиро дар анҷоми як қатор тадбирҳои созанда вазифадор намуд. Ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон, чораандешӣ барои ба корҳои роҳбарӣ пешбарӣ намудани ҷавонони лаёқатманду ташаббускор, бо ҷалби зиёиён тақвият додани корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон доир ба дастовардҳои кишварамон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ, таҳкими корҳои ташвиқотӣ барои ҳарчи зиёдтар огоҳӣ пайдо намудани ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои ҷаҳони муосир, ҷалби наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ, озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ, тадбирандешӣ ҷиҳати баргузор намудани чорабиниву мусобиқаҳои варзишӣ, амалӣ намудани иқдомҳо ҷиҳати таъмиру бунёди майдончаҳо ва толорҳои варзишӣ, чораҳои ҷиддӣ андешидан вобаста ба паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон ва баргардонидани ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи мамлакат ғайриқонунӣ таҳсил менамоянд, аз зумраи ҳамон вазифагузориҳои қатъӣ мебошанд.
Хулоса, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли кишвар ироа гардид, саропо ҳидоятҳои падарона буданд ба хотири ояндаи дурахшон ва ободу осудаи насли ҷавони кишвар. Агар ба чашми таҳқиқ бингарем, ин суханронӣ дар маҷмӯъ барномаест, ки дурнамои рушди маъавию ҷисмонӣ ва мақоми сиёсии ҷавононро дар марҳилаи нави ватансозӣ мушаххас сохта, ҳамзамон интизориҳои давлату миллатро аз мо, ҷавонон дар асоси боварии устувор баён доштааст.
Ин итминону боварии раҳбарияти кишвар ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳамарӯза бештар дар ҷодаҳои худ талош ва дар зинаҳои баланди касбӣ саъй намоем. Мо бояд танҳо бо сухану шиору гап маҳдуд нашуда, бо амали нек ва рафтору дидгоҳи баланди худ исбот кунем, ки воқеан ҳам аз шумораи он ҷавононе ҳастем, ки Ватан бо мо ободу шукуфон мегардад. Фақат завқу салиқаи холис ва талошу эътимоди фардиро дар хештан бояд равнақ диҳем, то Тоҷикистони мо аз пештара ҳам бештар рушд ёбад.
Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия
Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоҳирҷон

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...