Ғолибони озмуни стипендияи Раиси вилояти Суғд
Ҷавонон ҳамчун нерӯи бузурги созандаю бунёдкор ва эҷодкор аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф мешаванд. Ин аст, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати кишвар қарор гирифта буд; Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки яке аз қонунҳои муҳими ҷомеаи навин буд. Ҳамзамон, шоистаи таъкид аст, ки қабули “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз тадбирҳои муҳим дар самти дастгирии давлатии ҷавонон, ташаббусҳои онҳо, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҷавонон мебошад.
Таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ин тамоюлро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ боз ҳам болотар бурд. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунанд, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоянд ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, дастгирии моддию маънавии донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят ҳамасола аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд баҳри дарёфти Стипендияи Раиси вилояти Суғд озмун гузаронида мешавад.
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва таъмини иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд аз 21.04.2021 таҳти №178 «Дар бораи муқаррар намудани Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли таҳсили 2020-2021» роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Низомнома марҳилаи аввали озмунро ташкилу баргузор намуд. Номзадии довталабон, курсанти курси сеюм Латипов Шаҳриёр, Мирзоев Раҷабалӣ, курсантони курси чорум Давлатова Шавқия, Ғафурӣ Дилноза дар марҳилаи аввали озмун ба гирифтани холҳои зарурӣ ноил гардида, дар асоси Қарори Шӯрои олимони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар озмуни вилоятӣ пешниҳод гардиданд.
Санаи 22-юми майи соли 2021 дар толори Қасри ҷавонон маросими супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ бо ҳузури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони муаасисаҳои олии ҳудуди вилоят, воситаҳои ахбори омма ва кормандони соҳаи маориф, ҷавонони фаъол, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, шахсан аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Аҳмадзода Раҷаббой бо стипендияи Раиси вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд.
Курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Латипов Шаҳриёр, Мирзоев Раҷабалӣ, Давлатова Шавқия, Ғафурӣ Дилноза низ дар озмуни мазкур иштирок намуда, бо сатҳи забондониву донишазбаркунӣ ва маҳорату малакаи худ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Суғд дар соли таҳсили 2020-2021 ноил гардида, шарафи факултети №4-умро дар сатҳи вилоят баланд бардоштанд.
Роҳбарият ва омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ғолибиятро ба эшон муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи донишандӯзиашон комёбиҳо таманно доранд.
Ғолибият муборак!
Султонзода Б.С., муаллим-методисти калони қисми таълимии факултети №4, Академияи ВКД, капитани милитсия