Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкати фаъоли курсантони Академия дар конференсияҳои байналмилалӣ (бо тариқи онлайн)

593

Конференсия илмӣ-байналмиллалӣ доир ба мавзӯи «Проблемаҳои актуалии ҳуқуқ аз нигоҳи ҷавонон» дар Донишкадаи ҳуқуқии Орлови ВКД Федератсияи Россия

Дар асоси ҳамкории илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқии Орлови ВКД Федерансияи Россия санаи 20.05.2021 бо тариқи онлайн зери роҳбарии илмӣ- дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, подполковник милитсия Рустамзода З.Р. курсанти курси 3 факултети № 2, сержанти хурди милитсия Комилзода Т.Х. дар мавзӯи «Характеристика преступлений, связанных с незаконным оборотом наркотических средств и психотропных веществ как международная угроза» бо забони русӣ баромад намуд.
Муҳтавои марӯзаи курсант Комилзода Т.Х. ин тавсифи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши маводи мухаддир ва воситаҳои психотропӣ, ҳамчун таҳдиди байналмиллалии он буда, муҳимияти ин мавзӯъро аз нуқтаи илмӣ- амалӣ баён дошта, хулосаҳои худро роҷеъ ба ин масъала пешниҳод намуд. Дар мавзӯъ таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Конференсия байналмиллалии илмӣ-назариявӣ миёни курсантон ва донишҷуён зери унвони «Илм аз нигоҳи ҷавонон» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар чоҳарчубаи тадбиқи робитаи байни бо Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Кустонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи байналмиллали зери санаи унвони «Илм аз нигоҳи ҷавонон»,тариқи онлайн баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур бо тариқи онлайн зери роҳбарии илмии дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, подполковник милитсия Рустамзода З.Р. курсанти курси 4 факултети № 2, милитсияи қаторӣ Абдураҳмонов Р.Р. дар мавзӯи «Некоторые проблемы оперативно-розыскной деятельности Органов внутренних дел Республики Таджикистан по борьбе с преступлениями против информационной безопасности» бо забони русӣ баромад намуд.
Муҳтавои маърӯзаи курсант Абдураҳмонов Р.Р. ин масоили ФОҶ МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди ҷиноятҳои амнияти иттилоотиро дар бар гирифта, дар он курсант Абдураҳмонов тарзу усулҳои мубориза бар зидди амнияти иттилоотиро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, тавсияҳои хешро оид ба такмили қонунгузории ин самт пешниҳод намуд.

Асламов Б.С., Рустамзода З.Р.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...