Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мо ҷавонон пояи устувори имрӯзу фардои Тоҷикистонем

587

Рӯзи 21-уми майи соли 2021 дар асоси нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсии факултет конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми ҷавонон дар рушду нумӯъ ва пешрафти тараққиёти иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Конференсияро сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, курсантонро дар тақвияти дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод намуд.
Баъдан мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ш. Хуҷанд Маҳмудов Муталиб дар мавзуи «Ҷавонон пайрави Пешвои милатанд» баромад намуда ғамхориву дастгириҳои Ҳукуматро нисбат ба ҷавонон дар 30-соли Истиқлолият ба саҳми ҳозирин расонид, сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, н.и.ҳ., майори милитсия Вализода Н.Д. дар мавзӯи “Санадҳои меъёри – ҳуқуқии танзимкунандаи Институти ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бевосита фазои озодро барои ҷавонон ба вуҷуд овардаанд, маъруза намуд, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ подполковники милитсия Абдусатторзода Н.А. дар мавзӯи «Тарбияи ватанпарастии ҷавонон заминаи инкишофи ҷомеаву давлат» дар асоси Барномаи давлатии тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Д.А. дар мавзӯи «Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа», муаллимаи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ лейтенанти милитсия Давлатзода Н.Д. дар мавзӯи «День молодежи в Таджикистане» ва муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ лейтенанти калони милитсия Маруфзода М.М. дар мавзӯи «Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои Ватан» бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

588

Курсантоне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд ва ҳамчунин омузгороне, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми арзанда доранд, бо туҳфаҳо аз ҷониби роҳбарияти факултет ва Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонон қадрдонӣ гардиданд.

Асадхони Аҳадхон,
сардори кабинетҳои кафедраи
ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии
факултети №4 Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...