Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар мавзӯи «Насли солим аз оилаи солим сарчашма мегирад»

585

Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи ҷавонон дар мавзӯи «Насли солим аз оилаи солим сарчашма мегирад» мизи мудаввар аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» Толиб Карими Озарахш ва ҳайати шахсии факултет иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Одиназода А.Ш., оғоз намуда, аҳамияти ҳуқуқи инсонро дар ҷомеа баён намуд.
Сипас бо шоири халқи Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» Толиб Карими Озарахш дар мавзуи «Шеъри ҷавонӣ ва муҳаббати Ватан» суҳбати озод баргузор гардид, ки ҳайати шахсии факултет ба суолҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Инчунин сардори кафедра, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. дар мавзӯи «Мавқеи ҷавонон дар меъёри Контитутсия» баромад намуд.
Роҷеъ ба эҷодиёти Толиб Карими Озарахш аз тарафи курсантони факултет шеърҳо қироат карда шуд.
Баъди баромади маърӯзачиён баҳсу музокираҳо байни курсантони факултет доир гардид.

586

Дар хотима, мизи муддаварро сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Одигназода А.Ш. ҷамъбаст намуда, ҳозиринро боз як бори дигар бахшида ба Иди ҷавонон табрик намуд.

Муқимзода М.М., муаллими калони кафедраи
фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
подполковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...