Тақвият ёфтани ҳамкорӣ бо қисми ҳарбӣ
20-уми майи соли 2021 бо мақсади боз ҳам такмил додани маҳорату малакаи касбӣ ва савияи дониши курсантон, тибқи нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо роҳбарии устодони кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, капитани милитсия Аҳруллозода Б., ва лейтенанти калони милитсия Абдукаримзода М., курсантони курси 3-юми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи «ҳуқуқшиносӣ», барои гузаронидани машғулияти амалӣ аз фанни «Тактикаи тайёрии махсус» ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати Қӯшунҳои дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташриф оварданд.
Дар оғози машғулияти амалӣ, дар майдони сафороӣ, командири баталёни 3-юми патрули пайроҳадории қисми ҳарбии 3501, майор Ашуров Ғ., бо устодон ва курсантон ҳамсӯҳбат шуданд. Зимни сӯҳбат, роҷеъ ба фаъолияти ҳамарӯзаи қисми ҳарбӣ, тартибу низом ва ҳиссагузории ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ баҳри ободонии қаламравӣ ин қисми ҳарбӣ, маълумотҳои мушаххас доданд.
Дар ин раванд, таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маврид қайд гардид, ки мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон мебошад. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Сипас, таҳти роҳбарии афсарони бомаҳорату пуртаҷрибаи қисми ҳарбӣ ва устодони факултет дар майдончаи сафороии қисми ҳарбӣ бо курсантон машғулиятҳои амалии хешро, гузарониданд. Дар раванди ин машғулияти амалӣ курсантон аз истифодаи намудҳои гуногуни силоҳҳои ҳозиразамони гуногун тамға, воситаҳои махсус, ва тактикаи пешбурди фаъолияти ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар вақти пешгирӣ ва барҳам задании бетартибиҳои оммавӣ ва озод намудани гаравгонон аз ҷониби ашхосони силоҳбадаст шинос шуданд.
Дар раванди машғулият курсантон роҷеъ ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ доир ба ин мавзӯъҳои таълимӣ ҷавобҳои пурра ва мушаххас гирифтанд. Қайд намудан бо маврид аст, ки дар дарси амалӣ курсантон милитсияҳои қаторӣ Мирзоалиев М., Насризода А., Тағоймуродов Ш., Каримова М., хеле фаъолона иштирок намуданд.
Ташкил ва гузаронидани ин машғулият ба курсантони гурӯҳи «ҳуқуқшиносон», ки бори аввал мебошад хотирмон гашт, зеро онҳо ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ аз ҷавобҳои гирифтаашон аз тарафи командири қисми ҳарби ва хизматчиёни ҳарбии ин қисм, хеле қаноатмад гардиданд.
Дар идомаи машғулият устодон капитани милитсия Аҳруллозода Б., лейтенанти калони милитсия Абдукаримзода М., аз номи роҳбарияти факултети №4 ва курсантон ба командири қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ миннатдорӣ изҳор намуданд.
Аҳруллозода Б., муаллими кафедраи
фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4 Академияи ВКД, капитани милитсия.