Мизи мудаввар оид ба проблемаҳои ноболиғону ҷавонон
Рӯзи 19-уми майи соли 2021 дар толори факултети №6-и Академияи ВКД бо ибтикори сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ҳайдарзода З.П. мизи мудаввар дар мавзӯи «Баъзе проблемаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар шароити тағйирёбандаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Кори мизи мудавварро муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Саидзода З.А. пеш бурда, иброз намуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ гашта, ин мизи мудававар дар остонаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дорои аҳамияти илмӣ ва тарбиявӣ аст.
Дар кори мизи мудаввар олимон, мутахассисон, омӯзгорон ва курсантон ширкат намуданд. Атрофи масоили мазкур маърӯзаҳои гуногун дар бораи таълиму тарбия, муқовимат бо ифротгароӣ, сабабҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои байни ноболиғону ҷавонон шунида шуда, дар охир тавсияҳои муфид дар мувофиқа бо Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонону ноболиғони ВКД ҶТ қабул гардиданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.