Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИШТИРОКИ КУРСАНТОНИ ФАКУЛТЕТИ № 4 ДАР « ДАВИ МИЛЛӢ-2021 »

582

Аз тарафи роҳбарият ва устодони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои тарғиби ҷавонон дар руҳияи баланди худогоҳии миллӣ, ривоҷу равнақ додани варзиш ва оммавӣ гардонидани варзиши сабук, кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Иҷроиши нақшаи кории факултети № 4 дар соли таҳсили 2020 - 2021 нишон дод, тибқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳамарӯза аз тарафи роҳбарияти факултет ва кафедраи Омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ чорабиниҳои варзишӣ дар байни ҳайати доимӣ ва ташкил ва гузаронида шудаанд. Ба ғайр аз ин курсантони факултет мунтазам дар ҳамаи чорабиниҳои варзишие, ки дар миқёси шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд гузаронида мешавад, фаъолона иштирок менамоянд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, таҳти № 225 «Дар бораи Рӯзи дави Миллӣ», бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дастури Раиси вилояти Суғд баҳри ташвиқу тағриби ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиши сабук, санаи 16.05.2021, 120 (як саду бист) нафар курсантон ва 8 (ҳашт) нафар кормандони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дави Миллӣ иштирок намуданд.
Дави миллӣ соати 08.00 аз назди бинои «Ҳавзи шиноварӣ» оғоз ёфта тавассути кӯпруки «Юбилейный» то назди бинои Ҳукумати вилояти Суғд анҷом ёфт. Дар дави миллӣ намояндагони ҳамаи корхонаву муассиса, донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳрвандони алоҳидаи сину соли ҳархела ҷамъ омада буданд, ки маркази шаҳри Хуҷанд як намуди идонаро шабоҳат медод. Пеш аз оғози дави миллӣ раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, баҳри ташвиқу тарғиби ҳаёти солим, тарбияи ҷавонан дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, инчунин оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуд. Ҳамчунин номбурда қайд намуд, ки дар солҳои охир таваҷҷӯҳи Роҳбарияти давтат ва ҳуқумат ба варзиш ниҳоят зиёд шуда истодааст ва бевосита барои машғул шудани ҷавонон ба варзиш, ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Дар дави миллӣ курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки пеш аз огози Дави миллӣ бо супориши сардори факултети № 4, н.и.ҳ. дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. роҳбарони воҳидҳои низомӣ таъкид карда шуда буданд, ки курсантонро дар маъракаи Дави миллӣ, омода ва бо либосҳои якхелаи рамзи «Динамо» дошта, таъмин намоянд.
Дар рӯзи баргузории дави миллӣ курсантон бо низом, сарҷаъмона , бо парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шиорҳои варзишӣ, таҳти роҳбарии сардори кафедраи Омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, подполковники милитсия Очилзода М.О., сардорони воҳидҳои низомӣ ва дигар омӯзгорони факултет, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, фаъолона иштирок намуданд.

584

Барои иштироки фаъолона дар дави миллӣ – 2021 аз тарафи Ҳукумати вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд факултети № 4 бо ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Санаи 17.05.2021 дар ҷамъомади умумифакултетиӣ аз тарафи сардори факултети № 4 н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. ба иштирокчиёни Дави миллӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар фазои тантанавӣ ба курсантони фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.


Муҳаммадиев Н.Б. - муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...