Дарси намунавӣ дар Факултети №4 Академияи ВКД
Рӯзи 15-уми айи соли 2021 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи мазкур, н.и.ҳ., подполковники милитсия Арипов Анвар Лутфиллоевич аз фанни Мурофиаи ҷиноятӣ дар курсҳои 3 ва 4 дарси намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд.
Дар дарси намунавӣ омӯзгорони кафедраҳои факултети №4 иштирок намуданд. Ҳадаф аз ташкил намудани дарси намунавӣ ин баланд намудани савияи дониши курсантон ва такмил додани маҳорати педагогии омӯзгорони ҷавон равона гардида буд.
Аз ҷониби сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Арипов А.Л. мазмун ва моҳияти омӯзиши фанни Мурофиаи ҷиноятӣ ба курсантон маълумот дода шуда, мафҳумҳои мурофиаи ҷиноятӣ бо мисолҳо кушода дода шуд. Сипас аз ҷониби курсантон вобаста ба фанни мазкур саволҳо пешниҳод гардида, ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Султонзода Б.С., муаллим-методисти калони қисми таълими факултети № 4, Академияи ВКД, капитани милитсия.