Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - наҷотбахши масоили минтақавӣ ва сулҳи Афғонистон

580Дар арафаи таҷлили Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва ба ҳайси раиси СААД ташриф оварда, аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пазируфта шуда, оид ба масоили мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, равобити дуҷонибаи Россия бо Тоҷикистон, фаъолияти СААД ва СҲШ, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, коҷоки маводи мухаддир, вазъи кунунии Афғонистон суҳбатхои муфид анчом доданд.

Рузи 9-майи соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меҳмони олиқадр дар Паради ҳарбӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ҳамроҳи Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин ширкат намуда, баъди анҷоми Паради ҳарбӣ ба оромгоҳи аскари номаълум ва лавҳаҳои ёдгории шаҳрҳои қаҳрамони собиқ ИҶШС гулчанбар гузоштанд.
Дар марсими мазкур Сурудҳои миллии Россия ва Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ва дӯстӣ садо доданд. Расонаҳои хабарии Россия ин сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Москва ба ҳайси раиси СААД васеъ инъикос намуда, онро намунаи олии равобити ду кишар дар таҳкими амну суботи минтақавӣ арзёбӣ намуданд.
Яке аз сиёсатшиносони маъруфи рус профессор Игор Николаевич Панарин дар саҳифаи иҷтимоиаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро табиб ва наҷотбахши масоили Афғонистон ва Осиёи Марказӣ номид, ки боиси ифтихор аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - наҷотахши масоили мнтақавӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки масоили минтақавӣ, аз ҷумла раванди сулҳи Афғонистон бо роҳи мусолиҳатомез ва музокирот анҷом ёбад.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...