Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд!
Рӯзи 12-уми майи соли 2021 бо ташаббуси роҳбари ҷамъияти илмии курсантон муаллимаи кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия Маруфзода М.М., бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни маҳфили “Ҳомии тартибот” ва курсантони курси 3-юми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи факултет миззи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбаранда ҷомеа” ташкил ва баргузор карда шуд.
Миззи мудавварро сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, н.и.ҳ., майори милитсия Валиев Н.Д., ҳусни оғоз бахшида аз суханрониҳои Президенти кишвар ба саҳми ҳозирин расонид. Баъдан баромадкунандагон донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, Мансуров Алиҷон дар мавзӯи “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд”, курсантони курси 3-юми гурӯҳӣ 301 Абдуғаппорӣ А., дар мавзӯи “Кормандони ғайриштатии милитсия” ва курсанти курси 3-юми гурӯҳи 302 Мирзоев Раҷабалӣ дар мавзӯи «Ҷавонон ояндаи давлатанд” бо маърӯзаҳои худ баромади пурмуҳтаво намуданд.
Баъдан аз тарафи курсант-духтарони курси 3-юм Раҷабова Мавзуна, Каримова Мавлуда доир ба Рӯзи ҷавонон, Модар, Ватан шеърҳо қироат карда шуд.
Баъди ба итмом расидани ҳар як баромад аз тарафи иштирокчиён саволҳо пешниҳод карда шуда, баромадкунандагон бо ҷавобҳои мушаххаси худ иштирокчиёнро қонеъ гардониданд.
Бо ҳамин миззи мудаввар кори худро ба анҷом расонид.
Маруфзода М.М., муаллимаи кафедраи ҳуқуқи
маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия