Ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони ВКД дар Академия
Бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи 14-уми майи соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонони ВКД дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.
Иштирокчиёни ҳамоишро қаровули фахрӣ истиқбол намуда, ба меҳмонон дастовардҳои Академия ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар кори ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Ризозода Ш., сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД, полковники милитсия Бухоризода М.Ғ., ходими калони илмии АМИТ, д.и.ҳ., полковники мустаъфӣ Назарзода Н.Ҷ, роҳбарияти Академия ва намояндагони ҷавони Раёсат ва ШВКД-ҳо ширкат доштанд.
Кори ҳамоишро бо сухан муқаддимавӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ Ҳамидзода Бароталӣ кушода Суруди миллии Точикистон иҷро карда шуд. Муовини Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои ҷавони ВКД таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа буда, дар назди Президент Шӯрои миллии ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Бо дастури Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми сохторҳои ВКД Шӯроҳои ҷавонон таъсис дода шуда, гурӯҳи чавонони «Авангард» фаъолияти босамар мебаранд. Ин ҳама ғамхориҳо барои насли ҷавони ВКД маҳсуб меёбаад.
Модератори ҳамоиш санозири маркази матбуоти Академия, капитани милитсия Сафарзода С.Н. интихоб гардид. Сипас бо маърӯзаҳо инҳо баромад намуданд: ходими калони илмии АМИТ, д.и.ҳ., профессор, полковники мустаъфӣ Назарзода Н.Ҷ.- дар мавзӯи «Ҷавонон ва рущди Тоҷикистони соҳибисиқлол», Ҷалолзода С.-муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, лейтенани калони милитсия дар мавзӯи « Нақши МКД дар таъмини ҳуқуқу озидиҳои инсон», Абдулаҳадзода А.А. – сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ, подполковники милитсия дар мавзӯи «Рушди қонунгузории миллӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқхои ноболиғону ҷавонон», Ҳабибзода Ҳ.Т., Раиси Шӯрои ҷавонони Академия дар мавзӯи «Нақши кормандони ҷавони МКД дар таҳкими ҳувияти миллӣ», Қодиров Ф.М. «Накши гурӯҳи чавонони Авангарди ВКД дар тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Тоҷикистон», Расулзод Л.Х., муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, капитани милитсия дар мавзӯи «Таъсири шабакаҳои ичтимоӣ ба мафкураи ҷавонон».
Муроҷиатномаи ҷавонони ВКД-ро Ҳабибзода Ҳ.Т., - Раиси Шӯрои ҷавонони Академия қироат намуд. Дар фарҷоми кори ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ ба созмондиҳандагони он, рохбарияти Академия доир ба дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳими ҷумҳуриявӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид, ки саршори сурудҳои ватандӯстӣ буд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.