Боздиди намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз Академияи ВКД
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВКД Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон санаи 12-уми майи соли 2021 намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон Кабилов Шариф Раҳимович аз Академияи ВКД дидан намуд.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз дидани бинои зебои Академия ва шароити таҳсили курсантон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки «Дар ҳақиқат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин тарҳи меъморӣ барои таҳсилу тарбия барои омӯзгорону курсантон дар Академия муҳайё гадидааст. Мо ният дорем, ки ҳамкории муштаракро дар ҷодаи илм ва омодасозии кадрҳо барои ҳарду кишвар минбаъд ҳам идома диҳем».
Аз боздиди Акдемия намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон таассуроти амиқ бардошта, барои пазироии гарм ба роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус Вазири корҳои дохилӣ миннатдории самимӣ изҳор намуд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.