Ғамхории роҳбарияти Академияи ВКД ба собиқадорон
Чун анъанаи нек дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. роҳбарияти Академия дар арафаи Иди Ғалаба ва Иди мубораки Рамазон ба аёдати собиқадорони МКД рафта, аз наздик аз ҳаёти оилавии онҳо шинос гашта, ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим намуда, хотири онҳоро шод намуданд.
Ба гурӯҳи корӣ муовинони сардори Академия полковники милитсия Саидзода З.А., Собирзода А.Ҷ. ва Шӯрои ҷавонони Академия роҳбаладӣ намуданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.