Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Иди Ғалаба дар ҶБВ

1801

Рӯзи 8-уми майи соли 2021 дар майдони сафорои факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд чорабини идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент полковники милитсия Одиназода А.Ш., баромад намуд. Ӯ қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар айён мегарданд. Рӯзи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашизм ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашаванда мақом дорад. Аз рӯзҳои аввали ҷанги хонамонсӯз фарзандони шермарди халқи тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Умуман, аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони шуҷоу далер сари синаи хеш сипар намуда бевосита дар задухӯрдҳои шадиди ҷангӣ зидди фашизми хунхор иштирок намуда, ҷасорату мардонагиҳои бемисл зоҳир карданд. Шумо бояд аз мактаби наслҳои калонсолон, сабақи ватандорию бунёдкориҳо омӯзед. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракию сиёсию ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ва донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини ҷавонони мо бошад. Маҳз вазифаи таърихӣ ва қарзу имониву муқаддаси мо ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёткардани сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии ҷомеа ва амнияти миллату давлат аст.

18021803

Инчунин муаллими кафедраи фанҳои ҷамъияти лейтенанти калони милитсия Самадзода И., бо маъруза дар мавзуи «Саҳми халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баромад намуд. Ӯ дар баромади худ қайд намуд, ки дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои шоёне, ки аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз намуданд, ин барои фронти ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонмардон буд. Бо ин масъала дар ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии 6 вилоятӣ, 67 шаҳрию ноҳиявӣ машғул буданд. Чун тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Тоҷикистон ҳам сафи хоҳишмандоне, ки ихтиёрӣ ба фронт рафтан мехостанд, хеле зиёд буданд. Танҳо дар моҳҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ қариб 6000 аризаҳои ихтиёрӣ омаданд, ки дар онҳо ҷавонмардон хоҳиши ҳар чӣ зудтар онҳоро барои мудофиаи Ватан, ба фронти ҷангӣ фиристоданро менамуданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони Тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳанӯз 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст.

Дар охири чорабини идона бо сухани табрикоти сардори факултети №4 полковники милитсия Одиназода А.Ш., ва баровардани байрақи ҷангӣ, гузашти қадами сафи бо ҳайати шахсӣ ва ҳайати тағйирёбанда чорабини идона ба охир расид.

Баҳодурзода М., муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.
Муминӣ А.Б., сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...