Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Академияи ВКД дар Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе

1796

7-уми майи соли 2021 дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун” бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А.Қ., раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода М.М., Ректорони донишгоҳу донишкадаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар меҳмонони расмӣ Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” меҳмонон аз вазорату идораҳо, ташкилоту системаҳои шаҳрӣ, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии кишвар иштирок намуда, нахуст аз дастовардҳои варзишгарону ҷавонони ихтироъкори донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Дар фестивал дастовардҳои илмию варзишии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд. Инчунин дар чорабинии мазкур сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал–майори милитсия Шарифзода Ф.Р., ҳайати омӯзгорони Академия ва аъзоёни Шӯрои ҷавонон низ иштирок намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки фестивали мазкур дар доираи ҳафтаи ҷавонон бо заҳмату талош ва дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон роҳандозӣ карда шудааст.

1797

Дар фарҷом, чорабинии фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастии дастаҳои ширинкори донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни фестивал гардонида шуд.

Ҳабибзода Ҳ., Сафарзода С.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...