Семинари илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба
Рӯзи 7-уми майи соли 2021 дар толори факултети №6-уми Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи кадрҳои Академия, Шӯрои собиқадорони ВКД бахшида ба 76-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ семинари илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ғалаба бар фашизм – натиҷаи иттиҳоди халқу миллатҳост» баргузор гардид.
Дар семинар роҳбарияти Академияи Вазорати корҳоди дохилӣ, Раиси Шӯрои собиқадорони ВКД, генерал-майори милитсия Ҷурахонзода С. Қ., ҷанговар - интернатсионалистон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, курсантон ва меҳмонон ширкат варзиданд. Нахуст сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. дотсент, генерал майори милитсия Шарифзода Ф.Р., баромад намуда, қайд кард, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз дар баробари дигар халқу миллатҳо, ҳамватанони мо низ фаъолона иштирок карда, аз худ қаҳрамонию далерӣ нишон додаанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар миёни онҳо буданд нафароне, ки бо баландтарин нишону орденҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Бо зикри ин нуқта ҳамчунин қайд карда шуд, ки рамзист, ки дар чунин ҷамъомадҳо иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва собиқадорон даъват гардида, аз саҳифаи таърихи ҶБВ (1941-1945) ёдоварӣ менамоянд.
Сипас тибқи барномаи семинар инҳо маърӯза намуданд: Раиси Шӯрои собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҷурахонзода С. Қ., дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва худидоракунӣ, н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков А., ҷанговари интернатсионалист, ходими калони илмии АМИТ, полковники мустаъфӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ Назаров Н.Ҷ., Асламов Б.С. - ходими калони шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Назаре ба таҷдиди сохтори милитсия дар марҳилаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои баъди ҷангӣ», Бойзода Ҷ.Ҷ. – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи «Саҳми милитсияи тоҷик дар Ғалаба бар фашизм (солҳои 1941-1945): намунаи қаҳрамононаи тарбияи ватандӯстӣ», Самиъзода Б.С.– дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии он», Холиқов Б.А. - курсанти курси 2-юми факултети №2 Академияи ВКД, дар мавзӯи «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯстар», Саидов Т. Ш. – курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД, қироати шеър «Дар васфи Ватан».
Сардори Академияи ВКД аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба собиқадорони Академияи ВКД туҳфаи хотиравӣ тақдим намуда, фаъолияти онҳоро барои насли имрӯзу ояндаи мақомоти корҳои дохилӣ намунаи ибрат номиданд.
Аз ҷониби муовини сардори Академия, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ. фармоиши сардори Академияро оид ба мукофотонидани собиқадорон қироат намуд.
Дар анҷоми семинар сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳамаи иштирокчиёни семинар ва собиқадоронро ба ҷашни муқаддаси Ғалаба табрику таҳният намуданд.
Асламов Б.С., СафароваС.Н., Убайдуллоев Ш.Э.