Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо муовини сардори Академияи ВКД дар факултети №4

575

Вобаста ба иҷроиши дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., рӯзи 6-уми майи соли 2021, дар маҷлисгоҳи Шӯрои олимони факултети №4 Академияи мазкур, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш., бо ҳайати доимии факултети №4, вохурӣ гузаронида шуд.

Дар оғоз муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. ба ҳозирин оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилӣ, иҷрои бандҳои дахлдори қарорҳои ҷаласаи Мушовараи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи доимии роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сифати таълим талаб намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз таваҷҷуҳ ва нигаронии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ ба риояи қонуният ва интизоми хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ равона карда шудааст. Полковники милитсия Ализода А.Ш. дар идомаи суханронии хеш, ба риояи ҳатмии Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 271 б/з аз 25.04.2019 «Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақши кормандон ва омӯзгорони Академия баҳри ҷорӣ ва амалӣ намудани ҳар як дастуру супориш ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ, гуфта гузаштанд. Инчунин қайд намуданд, ки имрӯз бояд ҳамаи курсантон қобилият ва истеъдоди худро танҳо барои баланд бардоштани савияи дониши худ равона намуда, баҳри мутахассиси соҳаи мақомоти корҳои дохилӣ гардидан, кушиш ба харҷ диҳанд. Ҳамзамон омӯзгорон ва кормандони масъули факултет низ барои ҳамаҷиҳата дастгирӣ ва таъмин намудани шароити муфид барои донишандӯзии курсантон, кушиш ва мусоидат намоянд. Зеро хатмкунандагони Академияро баъди сафарбар намудан ба фаъолияти амалӣ ба савияи дониш ва маданияти коргузории онҳо, инчунин ба саъю талошҳои ҳайати профессорону омӯзгорон, баҳои амиқ дода мешавад.
Дар идомаи вохӯрӣ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш. баромад намуда, доир ба масъалаи интизоми хизматӣ, одоби касбии кормандон, қатъӣ нигоҳ доштани сирри давлативу хизматӣ, саривақт ба кор ҳозир шудан, фазои руҳию равонии коллектив, одоби муомила ва муошират бо якдигар ва бо зердастон ва ниҳоят иҷрои бевоситаи уҳдадориҳои хизматӣ ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти хизматии ҳар як корманди факултет, суханронӣ намуда, даъват ба он намуданд, ки ҳар як корманд ва омӯзгори факултет зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таълим ва тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми вохурӣ аз тарафи ҳайати доимии факултет аввалан ба сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ. дотсент генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., изҳори миннитадории худро баён намуданд. Ва бо боварӣ гуфтанд, ки дар оянда ҳайати доимии факултет кушиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар раванди демократикунонии ҷомеа, барои хушбахтии ҳозираю ояндаи ин миллати куҳанбунёд, ҳиссагузор бошанд.

Муҳаммадиев Н.Б., муовини сардори

факултети № 4 Академияи ВКД

Ҷумҳурии Тҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...