Мизи мудавар дар мавзӯи «Асосҳои илмии истифодаи технологияи муосир дар мешбурди тафтиши пешакӣ»
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД мизи мудаввар дар мавзӯи «Асосҳои илмии истифодаи технологияи муосир дар мешбурди тафтиши пешакӣ» доир гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, професорон ва омӯзгорони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва намояндагони дигар факултету кафедраҳо, инчунин курсантон низ иштирок намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини сардори Академия н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А., оғоз гардид. Муовини сардори Академия зикр намуд, ки системаи муосири таҳсилоти миёна ва касбии олӣ ҳамеша ташаккул ва тарақияётро тақозо менамояд. Сабаб дар он мебошад, ки ҳамарӯза дар замони муосир талабот нисбат ба таълиму тарбия, истифодаи технологияи нав ва воситаҳои муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс бештар гардида истодааст. Ин гуфтаҳоро метавон дар донистани якчанд забонҳои хориҷӣ, технологияи муосири иттилоотӣ, компютеру интернет маънидод намуд. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар баробари курсантон омӯзгорон низ бояд пешсаф бошанд. Ҳамеша дар паи ҷустуҷӯи маводҳои нави таълимӣ буда, аз сарчашмаҳои гуногуни муосир ба курсантон маълумот диҳанд.
Сардори факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мизи мудавар дар мавзӯи «Проблемаи эътироф кардани далел иттилооте, ки бо истифодабарии воситаҳои техникӣ ба даст омадааст» баромад намуда дарҷ намуданд, ки қонун далелҳоро аз рӯй сарчашмаи онҳо ҷудо намуда, ҳар кадоми онҳо қоидаҳои муайяни ҷамъ овардан мустаҳкам кардан, санҷидан ва баҳо доданро муқаррар намудааст. Ҳар як далел бо хусусиятҳои хоси худ, ки дар ҷараёни исботкунӣ ба назар гирифта мешавад фарқ мекунад. Ҳар як намуди далел хусусиятҳои хоси худро дорад, ки тартиботи мурофиавии ба даст овардан ва истифодаи он дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ, дар КМҶ ҶТ баён карда шудаат.
Сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Арипов А.Л., дар мавзӯи «Асосҳои илмии истифодаи технологияи муосир дар пешбурди амалҳои тафтишӣ» баромад намуда иброз доштанд, ки ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ муфаттиш метавонад аз воситаҳои техникӣ-криминалистӣ, усулҳои илман асосноки ошкоркунӣ, бақайдгирию сабт ва ёфта гирифтани изҳои ҷиноят ва далелҳои шайъӣ истифода барад . Истилоҳоти “техникаи криминалистӣ” пеш аз ҳама ба фасли алоҳидаи илми криминалистика ва баъдан ба маҷмуи воситаҳо техникӣ – асбобу анҷомҳо ва дигар таҷҳизоте, ки ба ҷамъоварӣ ва тадқиқоти далелҳо ёрӣ мерасонанд ишора мекунад.
Дар идомаи мизи мудаввар професори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ подполковники милитсия Муҳиддинзода Нуриддин Муҳитдин дар мавзӯи «Аҳамияти истифодаи сабти видео дар ҷараёни пешбурди амалҳои тафтишӣ» баромад намуда қайд намуданд, ки амалҳои тафтишӣ ин фаъолияти дар қонунгузории мурофавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи муфаттиш (таҳқиқбаранда) буда, онҳо воситаҳои асосии муқаррар кардани ҳолатҳои барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта мебошанд. Таъиноти амалҳои тафтишӣ аз ҷамъ овардан, мустаҳкам намудан ва санҷида баромадани далелҳо иборат аст. Ин далелҳо ба муфаттиш имконият медиҳанд, ки оид ба парвандаи ҷиноятӣ қарорҳои асоснок қабул карда, дар ҷамъбаст барои муқаррар кардани ҳақиқати воқеӣ ёрӣ расонанд.
Муовини сардори Факултети №2 н.и.ҳ., майори милитсия Бухоризода Б.Р., дар мавзӯи “Хусусияти гузаронидани пурсиш бо парвандаҳои ҷиноятии савдои одамон” баромат намуда чунин гуфтанд, ки монанди дигар намудҳои тиҷорати ҷиноятӣ ҷинояти савдои одамон низ ба қонуниятҳои муайяни муносибатҳои бозоргонӣ, дар навбати аввал ба қонунҳое чун талаботу пешниҳод, инкишофёбӣ, даромаднокӣ, зарурати бақайдгирӣ ва рекламакунонии молҳо ва хизматрасониҳо тобеъ мебошад.
Дар навбати худ муаллими кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ лейтенанти милитсия Нурализода Шералӣ Нурали дар мавзӯи “риояи қонуният дар пешбурди амалҳои тафтишӣ” суханрони намуда дарҷ намуд, ки Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои роҳбарикунандаи мурофиаи ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудаанд, ки эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, мустақиман амал мекунанд. Пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро неъмати олӣ эътироф намудааст, ки онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомотҳои давлатиро муайян мекунанд ва бо воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.
Дар анҷоми чорабинӣ курсантон низ доир ба мавзӯи мазкур суханронӣ намуда, андешаҳои худро иброз доштанд.
Сулаймонзода Р. Н., Убайдуллоев Ш.