Мизи мудаввар бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ
Дар асоси фасли 4 банди 25-и Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои таҳсили 2020-2021 оид ба гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар барои ҷамъиятҳои илмии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 6-уми майи соли 2021 аз тарафи кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷамъияти илмии курсантон «Ориён» таҳти унвони «9-май Рӯзи Ғалаба» мизи муддаввар бо иштироки сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.таърих., полковники милитсия Хокироев А.Ю., гузаронида шуд, ки мавсуф оид ба саҳми қаҳрамонии миллати тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти мухтасар дод.
Инчунин дар ҷамъомади мазкур сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Очилзода М. ва муаллими калони кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ подполковники милитсия Мӯминов Д. ва муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, майори милитсия Олими Ҳ. ва инчунин роҳбарони маҳфил, муаллимони кафедра, лейтенанти калони милитсия Самадзода И., лейтенанти калони милитсия Абдуллозода Ф., иштирок намуданд, ки дар он аъзоёни маҳфил аз қаҳрамониҳои ҷанговарони шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шеърхониву қиссаҳо аз ҳаёти ҷанговарон ёдоварӣ намуда, якчанд композитсияҳо намоиш доданд.
Дар охир сардори кафедра, н.и.таърих., полковники милитсия Хокироев А.Ю. чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба тамоми иштирокчиён ва аъзоёни маҳфил бо суханҳои табрикотию сипосгузорӣ кори маҳфилро ҷамъбаст намуд.
Абдуллозода Ф., муаллими кафедраи фанҳои
ҷамъиятии факултети №4 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.