Аксияи «Тозагӣ гарави саломатист» дар хобгоҳи факултети №5
Тансиҳатии ҳар як инсон аз хурд то бузург ба муҳити иҳотакарда вобастагӣ дорад. Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии обу дигар сарватҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ, сару либос ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба инсон алоқамандӣ дорад. Хулоса, гарави тансиҳатии ҳар як инсон тозагии ӯст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия, Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар дохили бинои таълимии факултети №5, зери роҳбарии сардори курси факултети №5, лейтенанти калони милитсия Хоҷамуродзода Фарҳод аксияи тозагӣ-гигиенӣ гузаронида шуд. Сараввал, утоқҳои хоби курсантони курси 1-ум, рахтҳои хоб, дару тирезаҳо бо маҳлулҳои химиявӣ, яъне хлор тозаву безарар гардонида шуда, сипас роҳравҳои дохилии биноро тоза намуданд. Инчунин аз ҷониби сардори факултет ва сардори курс ба курсантон тарзи дурусти батартиб даровардани рахти хоб омӯзонда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин иқдомҳо дар факултети №5 бори аввал набуда, пайваста гузаронида мешаванд.
Ҳабибзода Ҳокимҷон, муаллими кафедраи
ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, лейтенанти калони милитсия.