Иштироки намояндагони Академияи ВКД дар вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе
Санаи 05 майи соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун”, (собиқ Амфитеатр) вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо муовинони Ректорҳо оид ба тарбия ва мудирони шуъбаҳои ҷавонони донишкадаю донишгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини сардори Академия, оид ба кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Собирзода А.Ҷ., ва муовини раиси “Шӯрои ҷавонон”-и Академия, лейтенанти калони милитсия Маҳмараҳимзода Фирдавс иштирок доштанд.
Мақсад аз вохӯрии мазкур, ин оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст ва дар сатҳи баланд баргузор кардани Фестивали дустии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ”мебошад.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф шуд, ки дар Фестивали мазкур, ки санаи 07 майи соли 2021 дарназарас баргузор гардад, ҷиҳати таъмини иштироки 50 нафар курсантони Академия бо шахси масъул иштирок намояд.
“ШӮРОИ ҶАВОНОН”-и Академия