«Баргузории мусобиқаи шоҳмот ва шашка бахшида ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Санаи 05.05.2021 тибқи нақша чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи «Ҷавонони Тоҷикистон» мусобиқаи шашка ва шоҳмот миёни наврасону ҷавонон ва калонсолони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур афсарон ва курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.
Афсарон ва курсантони МДТ Коллеҷи милитсия ҷойҳои зеринро сазовор гаштанд:
1.Ибрагимов Бахтиёр ҷойи аввал дар намуди бозии «Шоҳмот» дар байни ҷавонон.
2.Саидшоҳи Сафархон ҷойи дуюм дар намуди бозии «Шоҳмот» дар байни ҷавонон.
3.Шарипов Маҳмадрасул ҷойи сеюм дар намуди бозии «Шоҳмот» дар байни калонсолон.
4.Шарипов Эмомалӣ ҷойи сеюм дар намуди бозии «Шоҳмот» дар байни наврасон ва ҷавонон.
5.Шарипов Эмомалӣ ҷойи аввал дар намуди бозии «Шашка» дар байни наврасон ва ҷавонон.
Дар фарҷоми мусобиқа беҳтаринҳо аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо Ифтихорнома ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд.
Муаллими кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Ибрагимов Б.М.