Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзиш – гарави саломатӣ!

1791Рӯзи 21 апрели соли 2021 дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи Академияи ВКД дар мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба шиноварӣ байни бонувони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”, подполковники хизмати дохилӣ Аслиддин Шоҳиён суханронӣ намуда, дарҷ намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати занон ва саҳми онҳоро дар пешрафти ҳаёти ҷомеа муҳим арзёбӣ менамояд. Чунки дар мушкилтарин солҳо занон исбот намуданд, ки онҳо низ метавонанд дар баробари мардон дар ҳифзи марзу бум, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сафи пеш қарор гиранд. Ин шаҳодати он мегардад, ки теъдоди занони зиёд, дар тӯли солҳои зиёд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии мамлакат, алалхусус дар мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон хизмат мебаранд.
Дар мусобиқаи шиноварӣ корманд-бонувони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чор намуд (тарзи озод, пушнокӣ, брасс ва ботерфлайн) дар масофаи 50 метр иштирок намуданд.
Корманд-бонуи Академияи ВКД, муаллимаи калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, подполковники милитсия Убайдулозода Фируза дар чор намуди мусобиқа оид ба шиноварӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуд, аз ҷумла дар масофаи 50 метр дар намуди “тарзи озод” дар байни дигар корманд-бонувон ҷойи якумро ишғол намуд ва сазовори медали тилло гардид. Аз дигар намудҳо (пушнокӣ, брасс ва ботерфлайн) дар масофаҳои 50 метр ҷойҳои дуюмро ишғол намуда ва сазовори медалҳои нуқра гардид.
Ногуфта намонад, ки корманди Академияи ВКД, подполковники милитсия Убайдулозода Фируза дар чунин чорабиниҳо дар муддати чанд сол ҷойҳои намоёнро дар ин намуди мусобиқа сазовор гардида буд.

Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.Н.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...