Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илм - фурӯғи маърифат

1792

Рӯзҳои 29 ва 30 апрели соли 2021, дар маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конференсияи илмӣ-амалии байнидонишгоҳии анъанавии апрелӣ дар мавзӯи «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Тибқи барнома бо сухани ифтитоҳӣ сардори факултети № 4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент полковники милитсия Одиназода А.Ш. баромад намуда ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид.

Дар ҷаласаи умумии конференсия ҳамчунин подполковники милитсия Ғафуров М.С., дар мавзӯи «Муаммо оид ба мафҳуми шакли идоракунӣ: таҳлили илмӣ - назариявӣ аз нигоҳи таърих ва замони муосир», подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М. «Роль амнистии и помиловании в укреплении государственности» ва полковники милитсия Хокироев А.Ю. дар мавзуи «Обеспечение правопорядка в северной части Таджикистана в начале ХХ века» баромад намуданд.

Сипас, мувофиқи барнома устодони факултет ба ду бахш тақсим шуданд, ки роҳбарии онҳоро сардорони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, н.и.ҳ, подполковники милитситя Ғафуров М.С. ва сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.т., полковники милитсия Хокироев А.Ю. ба уҳда доштанд. Устодони факултет дар гурӯҳҳо бо маърӯзаҳои назариявию тадқиқоти худ дар мавзӯъҳои гуногуни ҷамъиятию ҳуқуқшиносӣ баромад намуданд.
Дар гурӯҳи якум, таҳти роҳбарии сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, н.и.ҳ, подполковники милитсия Ғафуров М.С. 23 нафар устодони факултет, инчунин омӯзгорон ва магистрантони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар муддати ду рӯз, дар мавзӯъҳо оид ба масъалаҳои таносуби адолат бо раванди ҷомеа, масъалаҳои озодӣ дар осори муттафакирони гузаштаи тоҷик, масъалаҳои ахлоқӣ ва маданӣ, проблемаҳои ҳуқуқӣ конститутсионӣ, таърих, моҳияти истиқлолияти давлатӣ, аҳамияти забономӯзӣ маърӯзаҳо шунида шуда, баҳсу мунозираҳои зиёди илмӣ ташкил карда шуданд.

17931794

Дар гурӯҳи дуюм бо роҳбарии сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, н.и.т., полковники милитсия Хокироев А.Ю. -11-нафар маърӯзачиён аз ҳайати устодону кормандони факултет дар мавзӯъҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ, мафҳуми ҷиноятҳои муташаккил ва террористӣ, таҳлили намудҳои алоҳидаи ҷиноят ва ғайраҳо баромадҳо ташкил карда шуданд. Ҳар як баромади маърӯзачӣ бо саволу ҷавобҳои пурмӯҳтаво вобаста ба мавзӯи маърӯза пайравӣ карда мешуданд, ки баҳсу мунозираҳои ҷолиби илмиро мегузоштанд. Раванди конференсия нишон дод, ки ҳайати омӯзгорони факултет метавонанд дар соҳаи илм саҳми хешро гузоранд.
Дар конференсия як қатор устодони ҷавон аввалин маротиба баромадҳо карданд, ки муҳтавои маърӯзаҳои онҳо хеле диққатҷалбкунанда буд. Дар охир қатьномаи конфронс қабул гардида, аз тарафи муовини сардори факултет оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. баргузорӣ ва рафти конференсия таҳлил карда шуда, ба кори конфронс ҳусни хотима бахшид.
Бояд қайд намуд, ки дар конференсияи мазкур 9 нафар устодони Донишгоҳи давлатии ш.Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.
Аз натиҷаи конференсияи илмӣ - амалии мазкур маҷмӯаи мақолаҳои устодон ва кормандони факултет нашр карда мешавад.

Муҳаммадиев Н.Б., муовини сардори факултети

№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қисми таълим, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...