Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил…

«Адабиёти асри ХХ-и тоҷикро бе шеъри оламгир ва фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсии устод Мирзо Турсунзода тасаввур намудан маҳол аст!»
Эмомалӣ Раҳмон

1780

Устод Мирзо Турсунзода аз бузургтарин шоирони қарни ХХ тоҷик аст, ки суннатҳои ғаниву рангини осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Низомиву Саъдӣ, Камолу Ҳофиз, Ҷомиву Бедил ва амсоли онҳоро бо андешаву эҳсосоти баланди худ идома ва такмил дода, дар бӯстони назми оламшумули форсизабон дарахти тозаи пурсамаре ба вуҷуд овард. Номи осори ӯ на танҳо дар ватанаш, балки берун аз он дар кишварҳои гуногуни Шарқу Ғарб паҳн гадида, шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд. Ӯ барои таҳкими сулҳу дӯстии мардумони ҷаҳон ба кишварҳои гуногуни Осиёву Африқо, Аврупову Амрико, амсоли Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Чин, Ҷопон, Ироқ, Индонезия ва дигар кишварҳои ҷаҳон сафар кардааст. Бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёд баргузор гардиданд. Мизи мудаввар, ки дар таърихи 30-юми апрели соли 2021 дар Академияи ВКД таҳти унвони «Тараннуми сулҳу дӯстӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода» бо иштироки курсантони курси якуми факултети №2 ва №6 баргузор гардид, гувоҳи ин гуфтаҳост.

17811782

Курсантон бо маҳорати баланди суханварӣ ашъори устод Мирзо Турсунзодаро омӯхта бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ баромад карданд. Аз ҷониби курсантон маснавии «Ҷони ширин», ки бо хитоби маҳрамонаи шоир бо завҷааш шурӯъ мешавад, вале тадриҷан суханони маҳрамонаи ӯ аз чаҳорчубаи хонавода берун шуда, ба доираи кишвар, ватани бузург ва ниҳоят ба Шарқу Ғарб ва кули ҷаҳон мерасад, силсилаи шеърҳои «Киссаи Ҳиндустон», ки устод Мирзо Турсунзода бо шеърияти баланди худ ва эҳсосоти самимие, ки аз ғами мардуми ҷабрдидаи ҳинд ва фахри кишвари хеш сар задаст, шеъри «Рӯди Ганг», ки аз бузургтарин дарёи сарзамини зархези Ҳиндустон мавриди тасвир қарор гирифтааст, инчунин «Суруди Сулҳ», ки мароми асосии Мирзо Турсунзодаро чун шоиру шахсияти сиёсӣ ба таври возеҳ баён менамояд, шеъри «Сайёҳи ҳинд», ки ба тасвири вазъи ногувори Ҳиндустон бахшида шудааст ва шеъри «Тоҷмаҳал», ки устод пеш аз ҳама зебоии мақбараеро, ки ҳокими темурӣ Шоҳи Ҷаҳон ба хотири ҳамсараш Мумтоз сохтааст, инчунин шеъри «Бозгашт», ки фарогири эҳсосоти шоир аз сафарҳои ӯ буда, таассуроташро ҷамъбаст менамояд, пурра аз ёд намуда бо истеъдоди баланд ва риояи меъёрҳои шеърхонӣ қироат намуданд.

Давлатшозода А., Убайдуллоев Ш.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...