Истифодаи сагҳои хизматӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Рӯзи 27 апрели соли 2021, дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Истифодаи сагҳои хизматӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ташкил ва баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Раҳимзода Ҷ.Қ. оғоз намуда, иштирокчиёни мизи мудавварро аз номи роҳбарияти факултети мазкур хайрамақдам гуфт, инчунин оид ба истифодаи сагҳои хизматӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, суханронӣ намуд.
Сипас, муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, подполковники милитсия Комилзода З.К., дар мавзӯи «Тартиби истифодабарии сагҳои хизматӣ дар фаъолияти оперативӣ-ҷустҷӯӣ» баромад намуд.
Баъдан бо маърӯзаи худ курсанти курси 3-юми факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, милитсияи қаторӣ Муродқулов М. дар мавзӯи «Истифодаи сагҳои хизматӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»» баромад намуда, оид ба тартиб ва гузаронидани онҳо суханронӣ кард.
Гузашта аз ин милитсияи қаторӣ Савриев М., дар мавзӯи «Ҳолатҳои истифодабарии сагҳои хизматӣ дар Мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо маърӯза баромад намуд.
Дар анҷоми мизи мудаввар байни курсантон ва сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, муаллими калон, подполковники милитсия Комилзода З.К. саволу ҷавоб, дар мавзӯи мазкур ва дигар масъалаҳо вобаста ба кори ҳамарӯзаи ваколатдори оперативӣ сурат гирифт, ки он ниҳоят шавқовар ва ҷолиби диққат буд.
Ба ғайр аз ин қисмати дуюми чорабинии мазкур дар саҳни факултет бо иштироки мутахассиси Маркази хадамоти кинологии РВКД ва бо истифодаи саги хизматӣ, бо намоиш додани кофтукови ҷинояткор бо изи гарм гузаронида шуд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, майори милитсия
Раҳимов А.А., сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия