Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Ҳуҷҷатнокии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ”

1776

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар раванди ислоҳоти милитсия ҳамчун зерсохтори масъул рисолати хешро дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ва меҳанпарастии миллӣ гузорад.
Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ фарогир аст. Аз ин рӯ бо супориши роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни корҳои таълимию тарбиявӣ, бозомӯзӣ, такмилдиҳӣ ва мукаммалсозии савияи дониши шунавандагони соли аввали факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояткорӣ аз 19 апрели соли равон омӯзиши зина ба зина дар самти “Ҳуҷҷатноккунии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” татбиқи амалии хешро дармеёбад, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа амалӣ гардида истодааст.
Ҷаҳони муосир, ки зарурияти наздикшавӣ ва мутобиқгардонии низомҳои миллии маорифро бо мақсади бунёди фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилоти олӣ равона намуда наметавонад, бе табодули таҷрибаи назариявӣ-амалӣ муваффақ гардад. Аз ин хотир метавон гуфт, ки ҳамкории байниҳамдигарии раёсатҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили ихтисоси кормандони оперативӣ, як ҷузъи муҳими фаъолияти касбӣ ҳисоб меёбад.

1777

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар раванди ислоҳоти хеш қарор дорад. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои оперативиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо малакаи касбии хешро тақвият диҳанд.

Бозоралӣ Асламов,
Академияи ВКД Тоҷикистон
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...