Мизи мудаввар дар мавзӯи «Хадаф ва мақсади асосии вазифаи милитсия»
Тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрели соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, дар мавзӯи «Ҳадаф ва мақсади асосии вазифаи милитсия» мизи мудаввар аз тарафи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети мазкур доир карда шуд, ки дар он ҳайати доимӣ, ва тағйирёбандаи факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори маҳфили ҷамъияти илмии курсантон бо номи «Ҳуқуқшиносони умедбахш» муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, капитани милитсия Абдураҳмонзода Н.А., оғоз намуда, аҳамияти ҳуқуқи корманди милитсияро дар ҷомеа баён намуд.
Сипас курсантони зерин: милитсияи қаторӣ Каримова М. дар мавзӯи “Ҳадаф ва мақсади асосии вазифаи милитсия”, милитсияи қаторӣ Мусоев М., дар мавзӯи “Ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, милитсияи қаторӣ Нуруллоева М., дар мавзӯи “Ҳамкории милитсия бо ҷомеа” бо маърӯза баромад намуданд.
Баъди баромади маърӯзачиён баҳсу музокираҳо байни курсантони факултет доир карда шуд.
Дар хотима, мизи муддаварро муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ капитани милитсия Абдураҳмонзода Н.А., ҷамъбаст намуд.
Муроди Баҳодур Азимзода, сардори кабинети
кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети
№4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия.