Хатми курси тайёрии ибтидоӣ дар факултети №4
Рӯзи 28 апрели соли 2021 барои шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоии семоҳа самтҳои Хизмати дидбонӣ-пайраҳадории милитсия, Хадамоти давлатии «Муҳофиза» рӯзи фаромӯшношуданӣ буд.
Зеро онҳо дар муддати се моҳ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар курси тайёрии ибтидоӣ таҳсил карда, бо муваффақият онро хатм намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос амал мекунад, ки ҳар сол кормандони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо ва РВКД дар вилояти Суғд курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва афсарон - кормандони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳои РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз рӯйи самтҳои фаъолияташон дар курсҳои такмили ихтисос таҳсил мекунанд. Имрӯзҳо аз тарафи давлату ҳукумат ба шароити кории кормандони милитсия ва фаъолияти рӯзмарравии онҳо аҳамияти хоса зоҳир шуда истодааст. Аз ҷумла, дар кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии кормандони ҳайати қаторӣ заминаи мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Баъдан ба шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ муваффақиятҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаашон таманно карда шуд.
Инчунин дотсенти кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос подполковники милитсия Муҳиддинзода Хусрав суханронӣ намуда қайд намуд, ки ҳайати омӯзгорони кафедра бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ҳамарӯза мекӯшанд, ки усулҳои нави муосири замонавиро истифода намуда, машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро ба роҳ монанд. Бо ин мақсад дар кафедра машғулиятҳои таълимӣ ба воситаи техникаҳои таълимӣ аз қабили видеопроектор, компютер гузаронида мешаванд, ки аз ғамхории бевоситаи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин кафедра мунтазам бо ҳамаи ҷузъу томҳои РВКД дар вилояти Суғд робитаи зич дошта, барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳамаи кормандоне, ки ин курсҳоро мегузаранд, кӯмак мерасонад. Бинобар ин фаъолияти имрӯзаи кафедра гуногунҷабҳа буда, ҳамеша дар рушду такомул қарор дорад.
Сипас муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия Баҳодурзода Мутрибахон суханронӣ намуда, ба шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ таъкид кард, ки ҷомеа аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша хушмуомилагӣ, эҳтироми шахсият ва волоияти қонунро интизор аст. Бинобар ин симои давлату давлатдорӣ маҳз ба фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагӣ дорад.
Дар охир аз тарафи шунавандаи курси тайёрии ибтидоӣ командири гурӯҳ сержанти калони милитсия Умаров Ёқуббек дар баромади хеш ба ҳайати омӯзгорон, афсарон ва роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кулли шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки ба халқу миллати хеш баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ҳамеша тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ фаъолият хоҳанд кард.
Роҳбарияти факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон боварии комил дорад, ки шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоии семоҳа метавонанд, дар ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намоянд.
Баҳодурзода Мутрибахон, муаллимаи калони кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, капитани милитсия.
Муминӣ Азизҷон Баҳодур, сардори кабинети кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти калони милитсия.