Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон»» дар факултети №4 Академияи ВКД

1769

Ташкили озмунҳои илмӣ - маърифатӣ байни курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз методҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад, ки метавонад барои сайқали дониши амалӣ – назариявии курсантон таъсири мусбӣ гузорад.

Бо мақсади иҷрои бандҳои низомномаи озмуни «Хониши шоҳасари Бобоҷон Ғафуров - китоби «Тоҷикон»» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 Академияи номбурда озмун ташкил карда шуд.
27 апрели соли 2021 даври аввали озмуни мазкур дар байни курсантони 1, 2, 3, 4 теъдоди 90 (навад) нафар курсантони фаъол ташкил ва гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чунин озмунҳо ин шинохти дурусти таърихи аҷдодӣ, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату оинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, инчунин, омӯзонидани моҳияту мазмуни таърихи халқи тоҷик, ташаккул ва рушди ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ, ташаккули тафаккуру хотираи таърихӣ, дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, башардӯстӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси масъулияти касбӣ, некбинию инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани мутахассисони оянда ва дар заминаи он ба вуҷуд овардани афкори ояндабинии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доир карда мешавад.
Ҳамзамон ҷиҳати муайян намудани курсантони боистеъдод, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии ҳайати шахси равона карда мешавад.

Муҳаммадиев Н.Б., муовини сардори факултети

№ 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...