Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи оммавии варзишӣ - ғолибон муайян шуданд

1768

Ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб ва майли дӯстдории ҳайати шахсӣ ба варзиш ва рушди он бо ташаббуси кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД дар байни курсантон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ (спартакиада) доир карда шуд.
Чорабинии варзишӣ ба муносибати ҷашни «30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» бахшида шуда, байни дӯстдорони варзиш дар намудҳои инфиродии шоҳмот, шашка, сангбардорӣ, вазнкашӣ (турник), давидан ба масофаи 100 метр ва мусобиқаи даставии футбол, волейбол ва бандкашӣ ташкил карда шуд.
Ташкилкунандагони мусобиқаи варзишӣ асосан ба варзиши сабук таваҷҷуҳ карда шароити созгори қувваозмоиро барои варзишгарон фароҳам намуданд. Мусобиқаи мазкур тайи як ҳафта ҷараён гирифта дар он ҷиҳати иштирок кормандон, курсантони бахшҳои 2, 3, 4 ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос номнавис шуданд.
Натиҷаи мусобиқаи варзишӣ нишон дод, ки дар факултети №4 Академияи ВКД дӯстдорони варзиш зиёд буда ҳатто то ҳадди касбӣ маҳорати варзишӣ доранд.
Ҳамин тавр дар ҳама намудҳои варзишии дар нақшаи мусобиқа ҷорӣ буда ғолибон муайян гардида, дар вазъияти тантанавӣ маҳорати варзишии онҳо дар алоҳидагӣ ва ҳайати гуруҳӣ аз ҷониби роҳбарияти факултет қадршиносӣ гардид.

18641865

Қобили қайд аст, ки мақомҳои ифтихории мусобиқаро асосан курсантон ишғол намуданд. Дастоварди мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонон ба варзиш таваҷҷуҳи бештар доранд.

Акбар Шарифӣ,
Муъмин Очилзода.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...