Машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ оид ба БММ “Интерпол”
Имрӯзҳо дар Академияи ВКД бо дастури бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони раёсатҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мунтазам тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки моҳи апрели соли 2020 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар заминаи факултети №3 Академия бо шунавандагони курси такмили ихтисос бо ваколатдорони оперативӣ ва ваколатдорони калони оперативӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сардори шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии БММ «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Нуриддинзода Тоҷиддин ва ваколатдори калони оперативии шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии БММ «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия Саидов Қосим Абдуқосимович дар мавзӯи «Бюрои Миллии Марказии «Интерпол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ташкилёбии Бюрои мазкур машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуд.
Дар машғулият ҳаллу фасли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти «Интерпол», ҳуқуқи байналмилалӣ ва Эъломияи ҳуқуқи башар, Фармону санадҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди танзими усулҳои ташкили фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии Бюрои Миллии Марказии «Интерпол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар бобати эълон намудани ҷустуҷӯи байналхалқии ҷинояткорон, шахсони беному нишон гумшуда, ҷустуҷӯи ашёи санъати аҳамияти таърихидошта, ҷустуҷӯи воситаҳои нақлиётии рабудашуда, боздошт (ҳабскунӣ) ва истирдод (экстрадитсия) дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида шуд.
Маъруфиён Б.М., Убайдуллоев Ш.