Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет – таъсир ва нуфузи он ба равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷомеа: таҳлили иттилоотӣ ва иҷтимоии он
Ҷаҳонишавӣ – раванди таъсиррасони омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як кишвари алоҳида маҳсуб мебошад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртасоди ҷаҳонӣ саъй ва кӯшиш баҳри дифои манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти хеш равона намудааст. Дар ин самт мавқеъ ва кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси таҳсин ба дастгирӣ мебошад, ки манофеи миллии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳимоя намуда, имиҷи сиёсии Тоҷикистонро боз ҳам боло мебардорад.
Дар замони муосир, замони тараққиёти илму техника техно-логияҳои инноватсионӣ, инкишофи босуръати ҷомеа нақши итти-лоот рӯз аз рӯз меафзояд. «Иттилоот, нишондиҳандаи муҳим ва асосии прогресси ҷамъият ба шумор меравад. Иттилоот ҳамавақт ба фоидаи ҷамъият хизмат карда, дар намуди техникаю технология ҳамчун барандаи шакли махсуси фарҳанг баромад намуда, дониш, таҷриба ва муоширати одамонро дар низоми муносибатҳои иҷтимоӣ бой мегардонад» .
«Назарияи иттилоот ҳамчун математикаи миқдорӣ ба вуҷуд омадааст. Асосгузори вай муҳандис ва математики америкоӣ К.Шеннон мебошад, ки аввалин бор ҷанбаи миқдории иттилоотро пешниҳод кардааст» .
Минбаъд назарияҳо дар бораи иттилоот дар асри 20 ривоҷ ёфтанд. Дари ин бора олимон Черри К, Тюхтин В.С., Афанасев В.Г., Сетров М.И., ва дигарон тадқиқот бурдаанд. Махсусан Афанасев В.Г., ҷанбаи иҷтимоии иттилоотро тадқиқ намуд, ва моҳияти онро дар раванди идоракунӣ ба таври васеъ кушод. Таълимотҳо дар бораи иттилоот давра ба давра вобаста ба инкишофи ҷомеа васеъ гаштаанд. Дар ҷомеаи имрӯза, ки иттилоот дар ҷомеа гардиш мекунад ва дар идоракунии ҷомеа ширкат мекунад, он ҳамчун иттилооти иҷтимоӣ ном гирифтааст. Дар замони технолгияҳои муосир ва инноватсия барандаи асосии иттилооти иҷтимоӣ шабакаи ҷаҳонии Интернет баромад мекунад. Ҷомеаи имрӯзро бе Интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Давлатҳои демократӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ворид гашта, шаҳрвандони он ва ҳамчунин мақомоти давлатӣ аз шабакаи ҷаҳонии Интернет ба тари васеъ истифода мебаранд. Аммо таҳаввулотҳои иҷтимоие, ки дар ҷаҳон мегузаранд, мутахассисони соҳаи иттилоот ва ҳамчунин илмҳои гуманитариро ором гузошта наметавонад. Яъне тавассути Интернет на танҳо идеяҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ бо ҳадафи ноором кардани вазъи сиёсии давлатҳо паҳн карда мешавад, балки дар баробари ин ҷиноятҳои компютерӣ дар намуди «Интернет-қаллобӣ» ҳамчун намуди ҷинояти иқтисодӣ авҷ гирифтаанд. Ба қавли мутахассиси дар шаҳри Қазон будаи Донишкадаи ҳуқуқии ВКД Россия Згадзай О.Э., ҷиноятҳои кибернетикӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле авҷ гирифтаанд. «Қаллобон ҳангоми гузаронидани амалиётҳои худ аз рессурсҳои зерини иттилоотӣ-техникистифода мебаранд:
1. Word Wide Web (WWW) - сегменти бузурги интернет, ки миллион ва миллиард портал ва шабакаҳои иҷтимоиро дар худ муттаҳид мекунад.
2. E-mail - намуди ба таври оммавӣ паҳнгаштаи хизматра-сонии интернетӣ, ки миллионҳо сокинони сайёра аз он истифода мебаранд. E-mail барои равон кардани спам бо мақсади амалиётҳои ғаразнок истифода мешавад.
3. BBS- системаи тахтаҳои эълонҳои электронӣ, ки бештар дар ИМА истифода мешавад.
4. Системаҳои электронӣ пардохт ва маблағҳои виртуалӣ. Инҳо ба қаллобон имконият медиҳанд, ки маблағҳои дигар шаҳрвандонро бо таври ҷиноятӣ ва пинҳонӣ аз худ кунанд. Дар Россия барои содир намудани ин ҷиноят аз системаҳои зерин истифода мебаранд: Webmoney, Яндекс-деньги, Ru-pay.
Ин рӯихат пурра набуда, онро инъикос менамояд, ки Интернет босуръат инкишоф меёбад, ва он чизе, ки дируз нав буд, имрӯз ҳамчун боқимондаи раванди таърихӣ фаҳмида мешавад» .
Чи тавре, ки маълум мегардад, истифодаи шабакаи ҷаҳонии Интернет ба вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва бахусус вазъи ҷинояткорӣ таъсири бевоситаи худро мерасонад. Интернет имконият медиҳад, ки иттилооти васеъи сотсиологӣ ҷамъ оварда шавад. Дар ин бора профессор Голиков В.Д. менависад, «иттилооти сотсиологӣ ин ит-тилооте, мебошад, ки бавоситаи усулҳои сотсиологӣ ба даст оварда шуда, барои омӯзиши тарзи рафтор, қимматҳои иҷтимоӣ, шахсият ва афкори умум равона карда мешавад. Ба сифати базаи иттилоотӣ маълумотҳое истифода мешаванд, ки аз инсонҳо ба инсонҳо гузашта, тавассути воситаҳои ахбори умум ва дигар институтҳои иҷтимоӣ дар намуди рақам далел, маълумот ва дигар тарзҳои шифоӣ ва хаттӣ паҳн карда мешаванд» .
Ҷаҳони муосирро бе истифодабарии технологияиҳои иттилоотӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аллакай ба асри иттилоот гузаштаанд. Бо пешниҳод ва дастурҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои бузург мегузорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин карда шуда, бо шабакаи умумиҷаҳонии интернетӣ пайваст карда шуда-анд. Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт саҳми бузург гузошта истодааст. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҷузъу томҳои худро бо компютерҳо таъмин намудааст. Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи компютеркунонии ин муассисаи олии таълимиро ҳадафи асосии худ қарор дода, тамоми факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳо, бахшҳои таълимӣ – низомӣ ва синфхонаҳои махсусро бо компютерҳо, принтерҳо, нусхабардорҳо,тахтаҳои электорнӣ таъмин намудаанд. Мутаасифона на ҳамаи кормандон ба таври дуруст меъёрҳои истифодабарии маводи электрониро риоя мекунанд. Бинобар ин муаллифон дар ин мақола мекушанд, ки оиди таърих, усул ва меъёрҳои истифодабарии шабакаи умумиҷаҳонии Интернет маълумот диҳанд.
Ватани Интернет ИМА ба шумор меравад. Дар охири солҳои 50-уми асри ХХ рақобати технологии Иттиҳоди Шуравӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка авҷ мегирад ба ин доираҳои ҳарбию сиёсии Интернет – ҳамчун шабакаи умумиҷаҳонӣ ин натиҷаи маҳсули тадқиқоти лоиҳаҳои ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро ба он водор менамояд, ки лоиҳаи шабакаи умумиҷаҳонии интернетро таҳрезӣ намуда, Агентии тадқиқотҳои пешқадамии Вазорати мудофиаи ИМА-ро соли 1958 таъсис диҳанд. (машҳур бо номи ARPA) . Метавон гуфт, ки ин оғози бунёди Интернет буд. 1-январи соли 1983 протоколи табодули маълумот – ТСР/Р қабул гардид, ки ин рӯзи таваллуди интернет ба шумор меравад. Худи мафҳуми интернет «Шабакаи шабакаҳо» мебошад.
То миёнаи солҳои 1990 интернет танҳо дар доираҳои акаде-микӣ маълум буд, ки ташкилотҳои ҳарбӣ ва илмиро бо ҳам пайваст менамуд, ки аз он асосан олимони физика ба таври васеъ истифода мекарданд.Соли 1994 истифодаи Интернет бо бунёди брузери нав - Netscape Navigator маълум гашт. Ҳоло истифодабарони интернет дар ҷаҳон аз чандин миллиард зиёд мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2,2 миллион истифодабарандагони Интернет ҳастанд. Ногуфта намонад, ки оиди дастрас намудани хабарҳои ВКД Шумо метавонед, аз сайтҳои Vkd.tj ва ё сайти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Avkd.tj истифода баред.
Дар моддаи 40-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чу-нин омадааст: «Ҳар шахс ҳақ дорад, ки озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъиятӣ, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунанд. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст» .
Чи тавре, ки аз меъёрҳои Конститутсия бармеояд, давлат ба-рои пешрафти фарҳангию ахлоқӣ шароит муҳаё намуда, онро ҳифз менамояд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хеле саривақтӣ мебошад. Ин қонун имкон медиҳад, ки фазои ахлоқии ҷомеа дар натиҷаи масъулияти падару модар пок нигоҳ дошта шавад.Ноболиғону ҷавонон аксаран бо компютер, Интернет, телефонҳои мобилӣ,планшетҳо, фитаҳои аудио ва видеоҳо, флешкартаҳо, таҷҳизоти моҳворагии телевизионӣ ва ғайра даст мезананд, ки сабаби надонистани меъёрҳои дурусти он боиси вайроншавии ахлоқи онҳо мегардад, онҳо аз таълиму тарбия дур монда, ба беодобӣ, ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Ҳоло дар ҷиноятҳои компютерие, ки содир мешаванд субъекти он асосан наврасону ҷавонон мебошанд. Риояи меъёрҳои этикӣ ҳангоми истифодабарии шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ба ақидаи муаллифон боядбаъзан сайтҳои номатлуб барои ноболиғону ҷавонон маҳдуд ва мамнӯъ гардонида шавад. Масалан дар Федерадсияи Россия барои пешгирии зуҳуроти номатлуби таъсиррасонии Интернет – аз қабили ҷурми шаҳвонӣ, беодобиҳои ҷинсӣ, ифротгароӣ, терроризм ва ғайра сайтҳои номатлуб мамнӯъ гардонида шуда, сайтҳои наврасону ҷавонон, ки ҳисси ватандустӣ ва арзишҳои ахлоқиро доро мебошанд, ҷорӣ карда шудаанд, ки аз аҳамият холӣ нестанд. Хуб мешуд, ки тамоми адабиёти кӯдаконаи наврасонаи тоҷик бо мусавварҳои ҷолиби диққат ба Интернет ҷой дода мешуд, ки дар тарбияи ахлоқию равонии онҳо аҳамияти хеле муҳим мебозид.
Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет шабонарӯз дар фаъолият мебошад. Меъёрҳои ахлоқии он аз ҷониби истифодабарони шаба-каи умумиҷаҳонии Интернет мунтазам вайрон карда мешаванд, ки боиси вайроншавии маънавиёт, бехобӣ, хасташавӣ, заифии ҷинсӣ, хотирпарешонӣ, бадҷаҳлӣ, маъюсӣ, тарсу воҳима ба дигар ҳолатҳои манфии психологӣ мегарданд. Яке аз ҷиҳатҳои манфии ғайриахлоқии истифодабарии Интернет ин шабонгоҳ баъди соати 0000 дақиқа мебошад, ки ширкатҳо пардохти маблағҳои онро ройгон менамоянд, дар натиҷа аксари истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонии Интернет аз хоб монда, сари Интернет то саҳар менишинанд, ки ба дараҷаи касбият, самаранокии меҳнат, сало-матӣ зиёни зиёд меорад. Ҳоло дар олами иттилоот мафҳуми «терроризми иттилоотӣ» пайдо гаштааст, ки бо паҳннамоии иттилооти иртиҷоӣ ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсири манфӣ гузронида, онҳоро аз арзишҳои ахлоқӣ дур меоранд.
Ширкатҳои “Coogly”, ”Twiter”, ”Facebooke”, “Mail.ru”озодии Интернетро фароҳам сохта кӯшиш менамоянд, ки аудиторияи худро дар давлатҳои пасошуравӣ боз ҳам васеъ намоянд. Дар ҳақикат почтаи электронӣ Е-Mail.ru мизоҷони зиёд дошта, пайваста дар он, онҳо саҳифаи (почта) худро ташкил намуда, бо дӯстону ҳамсабақоне, ки дар дохил ва хориҷи кишвар кору фаъолият ва зиндагӣ доранд, мукотибаи электрониро анҷом медиҳанд, ки он бисёр манфиатнок аст. Инчунин шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бояд доираи васеъи ахлоқӣ дошта бошад, мебоист самаранок истифода бурда шавад, то ҳар бинанда ҳангоми ворид шудан аз баъзе мавзӯҳои муҳокимашаванда баҳрае бардошта, фарҳанг ва маънавиёти ахлоқии худро қавӣ гардонад. Вале ин бештар вақт ба манфиати кор истифода бурда намешавад, зеро бо дидани баъзе манзараҳои муҳокимашаванда дар ин саҳифаҳо рӯҳияи шахс хаста гашта, шууру ахлоқ коста мегардад.Аз ҷониби СААД зиёда аз 57-ҳазор сайтҳои экстримистӣ қатъ карда шуданд.
Бо баромади телефонҳои мобилии ”Smatfon”, “Apply” ва дигар телефонҳои ҳасос мавқеи Интернет дар онҳо хеле мустаҳкам гашт, ки аксари истифодабарии онро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳоло телевизионҳои муосире, ки истеҳсол мешаванд, рақамӣ буда, ба воситаи системаи Windows бо Интернет ба воситаи симкортҳо (карта) фаъол гардонида мешаванд, ки пайвастшавиро бо Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет таъмин менамоянд, ки бо ин роҳ доираи истифодабарони онҳо васеъ гашта, ба вазъи ахлоқӣ ва психологии шаҳрвандон ба таври фаврӣ таъсир мерасонад.
Шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, ки замоне ташаббускор ва муассиси он Вазорати мудофиаи ИМА ба шумор меравад, ба тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ, ҳарбӣ ва коммуникатсионӣ ворид гаштааст, ки хоҳ нохоҳ ба системаи глобалӣ табдил ёфта, фазои интеллектуалии ҷаҳонро идора ва танзим менамояд. Ресурсҳои интернетӣ лаҳза ба лаҳза тағийр меёбанд, ба гурӯҳҳои ифротгароён, террористон, ҳизбҳои ғайрилегалӣ, созмонҳои ғайрирасмӣ, фардҳои алоҳидаи манфиатдор, сиёсатмадорон, созмонҳои иктишофӣ ва ғайра роҳи васеъ мекушоянд. Матлаби муаллифон ин қатъ ва аз байн бурдани Интернет нест, ки Тоҷикистон аз системаи умумиҷаҳонии иттилоот ва технология дур созад, балки фaқат риояи дурусти меъёрҳои истифодабарии он, маҳдудгардонии сомонаҳои номақбул, аз хатарҳои «таркиши иҷтимоӣ» эмин гардонидани аҳли ҷомеа мебошад. Маҳз ба воситаи Интернет дар як қатор кишварҳои Араб, Миср, Тунис, Алҷазоир, Яман, Ливия, Сурия « Таркишҳои иҷтимоӣ» бо номи «Баҳори арабӣ» ба вуҷуд оварда шуд, ки боиси нооромиҳои сиёсии ин кишварҳо гашт, ки то ҳол дар вазъи мураккаби иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ қарор доранд, ҳамоно ҳуҷумҳо ба ин кишварҳо тавассути Интернет идома дорад, ки боиси нооромиҳои иҷтимоӣ гаштааст. Ҳамин хел амалҳо дар Россия низ ва Белоруссия низ амалӣ карда мешаванд, ки аз ҷониби Ҳукуматҳои ин давлатҳо то андозае пешгирӣ карда мешаванд. Аз сабаби паст будани маърифати ноболиғону ҷавонон аксаран ба ин ҳуҷумҳои интернетӣ дода шуда, мафкураи онҳо заҳролуд карда мешавад, ки агар он сари вақт пешгирӣ карда нашавад, оқибатҳои ногувор ба бор меорад.
Мо бояд фаромӯш насозем, ки имрӯз Интернет қудрати иро-давии таъсиррасониро соҳиб шуда, бинобар бидуни меъёрҳои этикӣ ва ҳуқуқӣ истифодабарии он боиси харобии ҷомеа, оила, давлат, вазъи рӯҳию ахлоқии ноболиғону ҷавонон ва кулли шаҳрвандон шуда метавонад. Танҳо бо таъмини меъёрҳои ҳуқуқӣ ва талаботҳои этикии истифодабарии Интернет мо метавонем, ки пешрафти давлат ва ҷомеаро таъмин созем.
Асламов Б.С., Сатторзода А.С.
Адабиёт:
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе ,2016. С.21.
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Душанбе, 2011.-14с.
3. Шеннон К. Работы по теории информации кибернетики. М., 1963.С.54.
4. Згадзай О.Э. Интернет – мошенничество – новый вид экономической преступности. //Информатизация и информационная безопасность правоохранительных органов. 17 – Ммеждународная научная конференция, Москва, 20-21 май 2008. С.63.
5. Голиков В.Д., Колесников В.А., Михайлов В.И. Выбор методов сбора социологической информации для изучения взаимодействия органов внутренних дел и населения. . //Информатизация и информационная безопасность правоохранительных органов. 17 – Ммеждународная научная конференция, Москва 20-21 май 2008. С.17.
6. Управление органами внутренних дел. /Под ред. В.А.Круглова, С.Г.Дырды. Минск, 1995. С.54.