Тамошои Осорхонаи таърихии шаҳри Хуҷанд
20-уми апрели соли 2021 куратори гурӯҳи таълимии 203, лейтенанти калони милитсия Ибодзода М.А. ҷиҳати иҷрои нақшаи кори таълимӣ – тарбиявӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ташкил намудани экскурсия ба ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Хуҷанд бо ҳайати гурӯҳ ба Осорхонаи таърихии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, воқеъ дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, инчунин аз ҷойҳои таърихию фарҳангии ин макони зебои шаҳр дидан намудем.
Ҳадаф аз дидан намудани чунин маконҳои таърихию фарҳангӣ ин боз ҳам беҳтар ва баланд бардоштан ва ба воя расонидани курсантон дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Масъалаи пос доштани арзишҳои миллӣ ва ба воя расонидани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарстӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар яке аз вазифаҳои милитсия ва масъалаи муҳими самти кории мо ба ҳисоб меравад.
Ибодзода Муҳаммад, муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 4, лейтенанти калони милитсия.