Қӯшунҳои дохилӣ – ҳимоятгари Ватан
23-юми апрели соли 2021 тибқи нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ ва бо ташаббуси роҳбари ҷамъияти илмии курсантон муаллими кафедраи фанҳои ҳарбӣ - хизматии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Аҳруллозода Б., бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни маҳфил ва курсантони курси 1-юми ҳайати фармондеҳии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи факултет семинар-машварат дар мавзӯи “Рушду такомули Қушунҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил ва баргузор карда шуд. Семинар машварати мазкурро сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматӣ, капитани милитсия Ғоибназарзода П.Қ., ҳусни оғоз бахшида аз суханрониҳои Президенти кишвар ба саҳми ҳозирин расонид. Баъдан баромадкунандагон курсантони курси 1-юми гурӯҳӣ 106 қаторӣ Гулов Акбарҷон дар мавзуи “Рушду такомули Қушунҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд. Баъди ба итмом расидани ҳар як баромадҳо аз тарафи иштирокчиён саволҳо пешниҳод карда шуда, баромадкунандагон бо ҷавобҳои мушаххаси худ иштирокчиёнро қонеъ гардониданд.
Бо ҳамин миззи мудаввар кори худро ба анҷом расонид.
Аҳруллозода Баҳодур, роҳбари илмии маҳфили
“Тирандоз”-и кафедраи фанҳои ҳарбӣ – хизматии факултети №4, капитани милитсия