Семинари илмӣ-амалии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои такмили методикаи тайёрии оташфишонӣ дар шакли он-лайн
Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи иҷрои бандҳои дахлдори Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 26 апрели соли 2018 байни Академияи ВКД ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Барнаул, 23-юми апрели соли 2021 мутахассисони Академияи ВКД дар он-лайн семинари байниидоравии илмӣ-назариявӣ (байналмилалӣ) дар мавзӯи «Такмили методикаи тайёрии оташфишонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Федератсияи Россия ва дар хориҷа» («Совершенствование методики огневой подготовки сотрудников правоохранительных органов в Российской Федерации и за рубежом»), ки дар ш. Барнаул баргузор гардид, иштирок намуданд. Семинари мазкур бо истифода аз платформаи интернетии «BigBlueButton» баргузор гардид.
Дар семинари илмӣ мутахассисони соҳаҳои варзиш, педагогика, тайёрии оташфишонӣ ва ҷисмонӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ аз макотибҳои олии системаи ВКД Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон бо маърӯзаҳо иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинии мазкур масъалаҳо ҷиҳати истифодаи силоҳ, таъмин намудани бехатарии шахсии кормандони МКД дар вақти истифодаи силоҳи хизматӣ ва ҷангӣ, ташкил ва гузаронидани дарсҳои амалии тирпаронӣ дар замони муосир, ҷанбаҳои психологии курсантон ва шунавандагон дар рафти дарсҳои амалӣ дар ин соҳа ва ғ.
Дар он-лайн семинар омӯзгори калони кафедраи тактикаи махсус ва тайёрии ҷисмонии факултети № 2 Академияи ВКД, подполковники милитсия Айдархонзода Ш.Х. бо маърӯза дар мавзӯи «Масъалаҳои таъмин намудани бехатарӣ дар рафти тирпаронӣ» (Проблемы обеспечения безопасности при провидении стрельб) баромад намуд. Инчунин, дар кори семинар курсантони курси 4 факултети № 2 Академия иштирок намуданд.
Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи иштирокчиёни семинар ба маърӯзачӣ оид ба таҷрибаи ватанӣ ҷиҳати истифодаи силоҳи хизматӣ саволҳо пешниҳод гардиданд.
Дар охири чорабинӣ иштирокчиён ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро дар оянда таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр