Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар Факултети №4

1755

21-уми апрели соли 2021, дар маҷлисгоҳи факултети №4-и Академияи ВКД, тибқи нақшаи Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ конференсияи илми-амалӣ дар мавзӯи «Қӯшунҳои дохилӣ дар даврони истиқлолият», ташкил ва баргузор гардид.
Дар конференсияи мазур бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Муҳаммадиев Н.Б. баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашни 28- солагии таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, кори конфиренсияро оғоз намуд.

Дар конференсия устодони кафедраи ҳарбӣ-хизматӣ ва намоянда аз қисми ҳарбии 3501 РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майор Нурзод М.М. бо маърӯза баромад намуданд, ки ҷолиби диққати курсантон ва омӯзгорон гардид. Масалан: майор Нурзод М.М. дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбии Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд, ки маърӯзаи ӯ ба курсантони гурӯҳи ҳайати фармондеҳӣ писанд омад.
Бомаврид қайд намудан мумкин аст, ки маҳз аз матонату мардонагӣ, қаҳрамонӣ, ғаюриву ҷасурӣ ва хизматҳои шабонарӯзию фидокории афсарони Қӯшунҳои дохилӣ дар марҳилаҳои тақдирсози миллат аз озмоишҳо ва имтиҳонҳои ҷиддӣ бошарафона баромада, ба савганди касбии худ то охир содиқ монда, баҳри тинҷиву амнияти мардум ва таҳкими истиқлолияти кишвар тамоми ҳастии хешро бахшидаанд, ки дар солномаи таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд.
Дар баромади худ сардори кафедраи ҳарбӣ-хизматӣ, капитани милитсия Ғоибназарзода П.Қ. қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо хотирнишон намуданд, ки асоси муваффақиятро дар Қувваҳои Мусаллаҳ тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Ватандӯстӣ бояд сифати ҷудоинопазир ва эҳсоси қалбии ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад. Ҳар фарди тоҷик Ватани маҳбубамонро бояд бо қалби худ дӯст дорад.

1756

Имрӯз бошад бояд ҳар як устод ва омӯзгорони факултет вазифадоранд, ки дар раванди тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбии онҳо, риояи бечунучарои муқаррароти қонунгузорӣ, оинномаҳои ҳарбӣ, интизоми хизматӣ ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳоро таъмин намоянд.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор курсантони гурӯҳи Қӯшунҳои дохилӣ шеърҳо оид ба ватандориву ватанпарастӣ қироат намуданд.
Дар анҷоми конференсияи мазкур навори видеоӣ бахшида ба фаъолияти ҳамарӯзаи Қӯшунҳои дохилӣ, намоиш дода шуд.

Ғоибназарзода П.Қ., сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ, капитани милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...