Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоб – боғи пурсамар

«Барои ҳар чизи хубе, ки дар шахсияти ман ташаккул ёфтааст, ман аз китоб миннатдорам»

М.Горкий

1754Китоб дар ҳар давру замон аз тарафи олимону мутафаккирони дунё бо азизтарин ва пурбаҳотарин неъматҳои олам қиёс шудааст. Шоири машҳури рус Л.Ошанин навишта буд: «Пас аз ҳаво, об ва нон барои инсон чизи аз ҳама зарур китоб аст. Китоб – фатҳи олам, китоб –маслиҳатгар, китоб – мураббӣ, китоб – воситаи истироҳат аст».
Маорифпарвари фаронса Лука Пенна 600 сол муқаддам навишта буд, ки дар хотир ҳар қадар сухани нек дошта бошад, ба китоб нисбат дода наметавонад. Зеро китоб – чароғи дил, оинаи тан, муаллими накӯкорон, бартарафкунандаи айбҳо, тоҷи фозилон, ҳамсафари хуб, дӯст дар хона, ҳамсӯҳбати беморон, маслиҳатгари ҳокимон, кони суханҳои марғуб, боғи пурсамар, майдони гулпӯш, махзани хотирот, доимо ҳозир, ҳамеша дар хизмат, ҳозирҷавоб, калиди асрор, бартарафкунандаи торикӣ, бурҳони қотеъ, шореҳи нофаҳмиҳо, ҳомӣ аз касофат, нигоҳдорандаи бахт, афзункунандаи неъматҳо, дорандаи зиёнҳост.
Китоб на танҳо диди касро ба зиндагӣ аниқтар, ҷаҳонбиниро васеътар мегардонад, балки ба эҳсосот таъсир мерасонад, инсонро рӯҳан ва маънан тоза менамояд. Китобхонӣ бахти бузург аст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли чанд вақт дар саросари кишвари азизамон давра ба давра озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон ватани азизи ман ” гузаронида шуда, китобхонҳои беҳтарин сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Ин ташаббус ва иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо самимият ва хушӣ пазируфта шуда, дар байни кормандон ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра озмуни “Китобхони беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуд.
Ниҳоят рӯзҳои 20-21-уми апрел давраи ниҳоии озмун дар байни ғолибони ду давраи аввал, бо иштироки 6 нафар кормандон ва 8 нафар курсантони бахшҳои гуногун гузаронида шуд.
Дар натиҷаи озмун дар байни кормандон ҷойҳои намоёнро ишғол карданд:
ҷои аввал: дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ, полковники милитсия Мақсадзода О.И. бо қироати зиёда аз 100 китоб;
ҷои дуюм: сардори кабинети кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, капитани милитсия Асадхони А. бо қироати зиёда аз 40 китоб;
ҷои сеюм: муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, лейтенанти калони милитсия Самадзода И.А. бо қироати зиёда аз 30 китоб.
Дар байни курсантон ҷойҳои намоёнро курсантони зерин ишғол намуданд:
ҷои аввал: курсанти гуруҳи 302, милитсияи қаторӣ Мирзоев Р.М.- бо қироати зиёда аз 60 китоб;
ҷои дуюм: курсанти гуруҳи 401, сержанти хурди милитсия Ғафурӣ Д. Бо қироати зиёда аз 40 китоб;
ҷои сеюм: курсанти гуруҳи 203, милитсияи қаторӣ Авлиёев А. ва курсанти гуруҳи, милитсияи қаторӣ 103 Абдуҷабборов М. бо қироати зиёда аз 30 китоб.

Аҳмадзода М.А., профессори кафедраи

фанҳои ҷамъиятии факултети №4

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои филологӣ, подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...