БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОН-ЛАЙН
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони зиёиёни мамлакат таъкид намудаанд, ки “Илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста мебошад”.
Вобаста ба гуфтаҳои боло бояд зикр намоем, ки бо мустаҳкам шудани потенсиали илмии Академияи ВКД, нуфузи илмии он низ дар миқёси муассисаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ баланд шуда истодааст. Инак, санаи 16 апрели соли 2021 мутахассисони Академияи ВКД дар конференсияи 5-уми илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ (Хонишҳои Кореневӣ)” бахшида ба 90-солагии Арбоби шоистаи илмии Федератсияи Россия, д.и.ҳ., профессор А.П. Коренев (Актуальные вопросы применения норм административного права (Коренвские чтения)), ки он аз тарафи Донишгоҳи ВКД Россияи Москва ба номи В.Я. Кикот ташкил ва баргузор гардид, иштирок намуданд.
Ҷоизи қайд аст, ки Донишгоҳи мазкур, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимии ВКД Россия маҳсуб шуда, ба раванди иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони мо дар самти ҳимояи диссертатсияҳо таккони ҷиддӣ мебахшад, барои боз ҳам таҳким бахшидани робита ва муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Конференсияи майналмилалиро мушовири сардори Донишгоҳи ВКД Россияи Москва ба номи В.Я. Кикот оид ба кор ба ветеранҳо, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсияи мустафӣ Гришин А.А. ва муовини сардори Департаменти ҳуқуқи-шатномавии ВКД Россия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент генерал-майори хизмати дохилӣ Газизов Д.А. оғоз намуда, бо суханҳои ифтитоҳӣ баромад кардаанд. Инчунин, дар кори конференсияи байналмилалӣ мутахассисони ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Беларус дар ш. Моглиев, муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии системаи ВКД Россия бо маърӯзаҳо иштирок намуданд.
Дар конференсияи мазкур сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Нуралиев С.Ш. бо маърӯза дар мавзӯи «Заминаҳои татбиқи вазъи маъмурӣ-ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ» (Предпосылки реализации административно-правового статуса сотрудников органов внутренних дел) баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи иштирокчиёни конференсия ба маърӯзачӣ саволҳо пешниҳод шуда буданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр